КӮШОНИЁН.Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузории сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати тақвият додани корҳои тарғиботиву фаҳмонидадиҳӣ вобаста ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ҳуввияти миллӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои милливу фарҳангӣ ва ба ин васила тарғиби сару либоси миллӣ, дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои духтарон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳҳои пешгирии бегонапарастии занону ҷавонон ва риояи талаботи қонунҳои миллӣ, кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён бо занон деҳаи Сулҳободи Ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳия мулоқот доир намуданд.
Дар мулоқот масъулин бобати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занону духтарон дар ҳифзи оиладорӣ, омода намудани онҳо ба оиладорӣ, одобу муошират, нақши онҳо дар ҳамдигарфаҳмии аҳли хонадон ва таълиму тарбияи фарзандон, бунёди оилаи солим, рафтори ғамхорона нисбат ба якдигар, маърифати либоспӯшӣ ва дигар масъалаҳое, ки дар ҳаёти ҳар як зан ва оила нақши муҳим мебозад, суханронӣ намуданд.
Дар охир иштирокдорон аз маҷлиси ҳизбӣ ба худ таассуроти бардошта, пешниҳод карданд, ки суҳбату вохӯриҳои судманд бештар ба роҳ монда шаванд.