ЁВОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ, роҳандозии корҳои созандагию баргузории хониши сиёсӣ атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии «Идораи давлатии хоҷагии беҳдошти замин ва обиёрии ноҳияи Ёвон» вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ аз ҷониби намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия оид ба сиёсати хирадмандона ва сулҳҷӯёнаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқболи ҷашни Ваҳдати миллӣ, 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ, пешгирии амалҳои коррупсионӣ, риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» андешаронӣ намуданд.