Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Бо мақсади баланд бардоштани маърифат ва масъулияти шаҳрвандон ҷиҳати анҷом додани корҳои созандагию ободонӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизби “Меҳргон”-и ҷамоати деҳоти Ҳалеварди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вохӯрӣ доир гардид.
Дар вохӯрӣ Асоев Хизрдин мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия оид ба шарҳу тавзеҳи саривақтии иқдомоту ташаббусҳои созандаи роҳбарияти мамлакат, инчунин иҷрои амалҳои созандаву бунёдкорона суҳбат намуда, ҳамчунин дар мавриди омӯзонидани суннатҳои қадимаи ниёгонамон ба ҷавонон, аз қабили эҳтироми калонсолон, маърифати оиладорӣ, кӯмак ба дармондагон, ва анҷоми корҳои ободонӣ ба тариқи ҳашар аз ҳамагон даъват ба амал овард.