БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КАБИРӢ БАРОИ ТАЛАБОТҲОИ ХОҶАГОНАШРО ҚОНЕЪ КАРДАН, БА ҲАМАГУНА ХИЁНАТКОРИҲО ДАСТ МЕЗАНАД!

ВОКУНИШ. Соли 1996 дар вохӯрӣ бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карда буданд, ки: “Дар ҳар як ҷомеаи демократӣ ҳизбҳои сиёсӣ танҳо аз тариқи муборизаҳои осоиштаи парлумонӣ ба ҳадафҳои сиёсии худ бояд муваффақ шаванд. Дар ин амр роҳи дигаре нест. Тариқи зӯроварӣ ва фиребу найрангро ҳеҷ гуна давлати ҳуқуқбунёду демократӣ намепазирад”. Ин оянданигарии Пешвои миллат моҳи сентябри соли 2015, баъди амалҳои хиёнаткоронаи сарварони ҳизби террористии аз ҷониби Суди Олии Тоҷикистон манъшудаи ТТЭ ҲНИ исботи худро ёфт.

Бинобар он бамаврид аст, ки боз як таъкиди Пешвои миллатро иқтибос биорем: «Мову шумо бояд як қувваи ягонаро ташкил дода, онҳоеро, ки сулҳу салоҳро дар ҷомеа халалдор карданӣ мешаванд, ҳамдигарфаҳмии байни қувваҳои сиёсиро аз байн бурданӣ мешаванд, ҳушдор диҳем».

Имрӯз, ки сарвари ТТЭ ҲНИ-ро Кабирӣ аз номи дини мубини Ислом, барои бо мақсади нопоки худ: Барҳам додани соҳибистиқлолии Тоҷикистон, дар гӯшаҳои гуногуни олам, дар назди хоҷагони бедину бедиёнаташ гиряву зорӣ дорад, бояд фаромӯш насозад, ки халқи тоҷик ва тоҷикистониён дигар фирефтаи ақидаҳои бебунёдӣ онҳо намегарданд.

Дуввум ин, ки тамоми олам, онҳое, ки маънои демокративу давлатдории демократӣ ва давлати миллӣ барояшон шинос аст, аз амалҳои фиребгаронаи ин ташкилоти экстремистиву террористӣ бохабаранд. Ба назар чунин мерасад, ки ҳатто он хоҷагоне, ки аз аввал фаъолияти ин ҳизби Ватану фарҳанги миллии худашро ба фурӯш мондаро танзиму бо маблағ таъмин мекарданд, дигар ба вай боварӣ надоранд. Агар ин тавр набошад, пас барои чӣ аъзои ин ҳизби террорристии ба ном исломиро дар олами насронӣ (Олмон, Австрия, Лаҳистон, Чехия…) ба минбарҳои сиёсӣ мекашанд? Аз ин амалҳо як чиз мусаллам аст, ки Кабирӣ фарди сиёсатбоз ва дар талоши вазифаву сарват ва қудрат, яъне дар пайи қонеъ кардани талаботи нафс аст ва дар ин роҳ наҳзатиҳо на таваккал ба Худо доранду на ба Куръони карим.

Сеюм ин, ки ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ ва нашрияҳои машҳури дунё, аз ҷумла «Ал-Аҳром»-и Миср ин ТТЭ ҲНИ-ро ҳамчун «Ҳизби шайтонӣ» ном бурда ва яке аз ҳамсафону ҳаммаслакони чунин ташкилотҳои террористии ҷаҳон ба мисли ДИИШ, «Ҷабҳат-ат нусра» ва ҲИӮ шуморидаанд.

Кабирӣ ҳамчун сардори ҳизби террористӣ бо сагбачаҳояш барои қонеъ гардонидани талаботҳои хоҷагонаш ба тамоми хиёнаткориҳо даст мезананд. Ҳоло ТТЭ ҲНИ бо ҳазор ҷонканиҳои бенатиҷааш барои мардумро фиреб додан, анҷуману паймонҳои дурӯғин таъсис медиҳад. Вале ин пинҳонкориву бозиҳои пасипардагии ӯ дигар ба ҳама маълум аст. Баръакс бо ин кор масъулини ТТЭ ҲНИ оташи ҷаҳаннамро, ки солҳост дар дузах барояшон омода аст, бештару сӯзонтар карданд.

Раҳимов Суҳроб, узви гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg