ВОКУНИШ. Барои бунёд кардани давлати мустақил ва сазовор шудан ба истиқлолият ҳар миллату халқият муборизаҳои шаддид мебаранд. Муссалам аст, ки миллати тоҷик баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ барои мустақилиятро ба даст овардан ҷанги таҳмилии шаҳвандиро, ки ҳазорҳо падару модарон бе фарзанд, ҳазорҳо фарзанд бе волидайн, ҳазорҳо зан бе шаҳвар ва ҳазорҳо шаҳрванд бехонаю дар монданд, ки дар ин ҷо аъзо ва шарикони ТТЭ ҲНИ даст доштанд, аз сар гузаронд. Баъди ин вазининиҳои зиндагӣ ва бо ивази хуни ҷони ҳазорҳо ҷавонмардон ба миллати тоҷик муяссар шуд, ки хушбахтона, соҳиби давлати мустақл гардида, истиқлолияти худро ба даст овард. Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз дастовардҳое мебошад, ки дар таърихӣ тоҷикон аз ҷиҳати сиёсӣ ва маънавӣ мислаш назире надорад.
Ормони ҳазорсолаи миллати тамадунофари тоҷик, ки ин соҳиби давлати мустақил шудан буд, тавассути фарзанди фарзонаи миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин орзуи дер интизор амалӣ гашт.
Имрӯз бо шарофати соҳиистиқлолии кишвар дар харитаи ҷаҳон Ҷумҳурии Тоҷикистон намудор буда, мардуми сайёра ин миллати куҳанро ҳамчун миллати дорои таърихӣ қадима ва фарҳанги бою ғаннӣ шинохт. Бо дигар давлатҳо дар ҳама самтҳои ҳаётан муҳим робитаи хуби дӯстӣ пайдо карда, дар Созмони Миллали Муттаҳид соҳиби як овоз гаштем.
Баъд аз ин талошҳои зиёд Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз давлатҳои рӯ ба тарақи ниҳода мубадал гардида, дар ҳалли маъалаҳои сатҳи ҷаҳонӣ аз қабили терроризму экстремизм, гардиши маводи мухадир, норасоии оби ошомиданӣ ва дигар масъалаҳо ба ин монанд бетараф набуда, пайваста дар ин роҳ ташаббусҳои назаррасӣ худро нишон медиҳад.
Мутаассифона, баъзе гурӯҳҳо ва ташкилотҳое ба монанди ТТЭ ҲНИТ, “Озодандешон”, “Паймони миллӣ”, “Гурӯҳи- 24” ва ғайраҳо пайдо шуданд, ки ҳамаи ин дастовардҳо ва пешравиҳои кишвари моро нодидагирӣ карда, мехоҳанд Тоҷикистони биҳиштосои моро боз ба ҳамон рӯзҳои шум ва тира баргардонанд.
Дар яке аз суханрониҳои худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид мекунанд, ки “Хотиррасон менамоям, ки ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ сарчашмаи ҷаҳолату торикӣ буда, ба миллат ва мардуми тоҷик танҳо бадбахтӣ меорад ва барои рушду тараққиёти ҷомеаву давлат монеаи ҷиддӣ эҷод мекунад”.
Ба касе пӯшида нест, ки мақсади асосии терроризм ин нооромиҳо ба миён овардан, халалдор сохтани амнияти миллӣ, ба вуҷуд овардани тарсу воҳима миёни ҷомеа, резонидани обрӯ ва манзалати мақомоти давлатӣ, пеш аз ҳама аз байн бурдани давлату миллат ба ҳисоб меравад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шахси террористро чунин баҳо додааст: “Терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷидди буда, аз ҷониби дигар аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад”.
Таъкидҳои пайвастаи падаронаи Сарвари давлат ва вазъияти ҷаҳони имрӯза моро водор месозад, ки ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надода, ҳаргиз фирефтаи таблиғоту ақидаҳои бебунёди ифротӣ ва ваъдаҳои бардурӯғи онҳо дода нашавем. Ҷавонони зодаи истиқлол дар маҷмуъ ҳама табақаи ҷомеаи Тоҷикистонро лозим аст, ки ҳамчун соҳибватанони асил ва содиқ ба Пешвои миллат барои ҳимояи манфиатҳои милливу давлатӣ омода бошем.
Ҳакимов Бахтиёр, узви гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб