БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРГУЗОР ШУДАНИ МҲТБО ДАР ДУШАНБЕ ТОҶИКОНРО БОРИ ДИГАР БА ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ МУАРРИФӢ НАМУД

АНДЕША. Мардуми сарбаланди тоҷик бо роҳбарии сарвари хирадманду сиёсатмадори шинохта, фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ -  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо меҳмоннавозии аҷдодӣ, сатҳи баланди омодагӣ ва қабули гарму самимӣ  дар Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё таҳти Раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 15 июни соли 2019 дар пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе баргузор гардид, тавонист чеҳраи аслии миллати соҳибтамаддуни тоҷиконро бори дигар ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намояд.

Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) - анҷумани байнидавлатӣ ва созмони минтақавиест, ки соли 1992 бо дастгирии СММ таъсис ёфтааст.

Баррасии масоили амният ва ҳамкорӣ дар қитъаи Осиё ва саҳмгузорӣ дар ҷараёни ҷаҳонии мубориза бо терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории фаромиллӣ аз ҳадафҳои асосии ин ҳамоиш аст.

Мақомоти олии қабули қарор ҳамоиши нишасти сарони кишварҳо ва ҳукуматҳои аъзо буда, он дар чор сол як маротиба баргузор мегардад.

Ҳамагон шоҳиди он ҳастем, ки барои дар сатҳи баланди ташкилӣ доир кардани ҳамоиш пойтахти Тоҷикистони азизамон шаҳри Душанбе идона ороста шуда, шиору овезаҳо бо матни истиқболи самимии сарони давлатҳои иштирокчӣ ва нозир, рамзи ҳамоиш дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр омода ва насб гардида, тамоми кӯчаву хиёбонҳои пойтахт гулрезӣ карда шуда, ҳавои тозаву идона ба бар намуда, гулу гулубуттаҳои  зебои ороишӣ, фаввораҳои рангоранг ва чароғҳои ранга ба симои шаҳр ҳусну таровати хосаву  тоза зам намудааст.

Шукрона аз он дорем, ки имрӯзҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зарфи солҳои охир дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёту иҷтимоиёт, фарҳанг ва дигар самтҳо ба дастовардҳои назаррас муваффақ гардида, ба маркази баргузории чорабиниҳои бузурги сатҳи баланди ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.

Баргузор гардидани ин машварати сатҳи олӣ дар пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе барои мардуми тоҷик ифтихор ва шарафи бузург мебошад. Дар Саммит дар радифи тақвияти ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, бунёди долонҳои нақлиётӣ, рушди логистика, таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ, кишоварзӣ, сайёҳӣ, ҳамзамон масъалаҳои муҳим, ки ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардаанд, аз қабили мубориза бо терроризму ифротфгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷинояткории фаромилӣ ва дигар масъалаҳои муҳим васеъ матраҳ гардиданд.

Мо аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон масъул  ва вазифадорем, ки дар амалӣ гардидани тамоми ҳадафҳои рушд ва стратегии кишварамон ва ҳамзамон дар самти масъалаҳои матраҳгардидаи Саммити мазкур собитқадам бошем, кӯшиш ба харҷ диҳем, ки обрӯ ва нуфузи кишварамонро бо Сарварии Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам болотар бардорем.

Сатторова Мунаввара, раиси  КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён          

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg