БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА НАҚШИ ОН ДАР БУНЁДИ ҶОМЕАИ НАВИ ТОҶИКИСТОН

АНДЕША. Ваҳдати миллӣ дар баробари Истиқлолияти давлатӣ барои шинохти миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ нақши муҳим дорад. Бо шарофати ба ҳам омадани ҳама ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ ва дар меҳвари як афкори созанда таблиғи минбаъдаи давлатдорӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯз аз рӯз ободу зебо гардида, мардуми сарбаланди мо ба зиндагии шоиста наздик мешаванд.  Имрӯз кишвари моро дар сар то сари ҷаҳон ба як кишвари дорои таҷрибаи сулҳофарӣ ва миллати закию соҳибтамаддун мешиносанд. Зеро дар ягон давлат гурӯҳҳои даргир ба зудӣ якдигарро набахшидаю дасти  якдигарро нафишурдаанд.

Метавон ёдрас шуд, ки баъди имзои созишномаи сулҳ дар соли 1997  Тоҷикистон ба раванди нави давлатдорию ҷомеасозӣ ворид шуд. Агар то расидан ба сулҳ давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо дар андешаи ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ дар кишвар буд, баъди имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон ҳалли мушкилоти иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба зинаи аввал баромад. Дар ин замина Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии сокинон як қатор барномаю дурнамо ва консепсияи  гуногуни иқтисодиро қабул ва мавриди истифода қарор дод.

Дар натиҷаи дуруст ба роҳ мондани раванди ислоҳот дар соҳаҳо ва амалигардонии барномаҳои давлатӣ мушкилоти аҳолии мамлакат, хусусан дар маҳалҳои дурдаст зина ба зина ҳаллу фасл гардида, ба пойдории асосҳои сохтори конститутсионӣ дар кишвар заминаи боэътимод гузошта шуд.  Баъди расидан ба ваҳдату ҳамгироӣ ягона мушкилоте, ки мардуми тамоми кишварро ба ҳам меовард, ин сохтмони роҳҳо ҳамчун пайвандгари дилҳо маҳсуб меёфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт низ  гомҳои созандаро  рӯи  кор  гирифт.

Тасаввур кунед, ки вилоятҳои Суғду Бадахшон дар давоми сол ба маркази ҷумҳурӣ муддати қариб 6-7 моҳ робитаи мустақим надоштанд. Омили набудани роҳ дар раванди сулҳу ҳамгироӣ ва таҳкими давлатдории  навин  метавонист  саҳми ҳалкунанда  бозида бошад.

Хушбахтона дар муддати кӯтоҳи таърихӣ бо шарофати соҳибихтёрӣ ва сулҳу ваҳдати миллӣ Тоҷикистон ба як кишвари воҳиду транзитӣ табдил ёфт. Мардуми тамоми минтақаҳои кишвар бо шарофати сохтмони роҳҳои дохилию байналмилалӣ рафту омад ва кашонидани молу колоро вобаста ба зарурату эҳтиёҷоти аҳолии минтақаҳо оғоз карданд ва ин омил бобати зудудани кибру кудурат ва дур намудани  якдигарнофаҳмӣ  мусоидат кард.

Бо пайдо гардидани имкониятҳо ва бунёди як қатор иншоотҳои таъиноти ичтимоию иқтисодидошта,  тамоми минтақаҳои кишвар баробар ба рушду инкишоф шарафёб гардиданд. Имрӯз бо шарофати сулҳу ваҳдати миллӣ дар кишвар шумораи зиёди иншоотҳои хусусияти стратегидошта сохта мешаванд, ки дар оянда барои баланд шудани нишондодҳои иқтисодии давлат ва пешрафта шудани кишвари мо дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат мекунанд.

Пешрафти илму маориф, фарҳангу тандурустӣ, техникаву технология  ва тарбияи мутахассисони соҳибкасб дар соҳаҳои мухталиф натиҷаи сулҳу рафоқати сар то сарист, ки ҳар як шахси соҳибақл бояд ба ин нишондодҳо  арҷ  гузорад.

Бадбахтона, баъди ин қадар пешрафту ободкориҳо баъзе аз афроди тангназару кӯтоҳандеш ҳоло ҳам арзишҳои миллию фарҳангиро зери по карда даст ба хиёнат мезананд, ки ин амалҳои нангин нобахшиданист. Дар муқобили чунин хиёнаткорон нишастану мубориза бурдан ба муқобили чунин афрод вазифа ва қарзи виҷдонию имонии ҳар як фарди  худшиносу соҳибватан аст.

Месазад, ки Ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм нигоҳ дошт. Хосатан ҳифозати ин арзиши дар баробари истиқлолияти давлатӣ муқаддас аз ҳар яки мо дараҷаи баланди масъулиятшиносиро тақозо мекунад. Дар атрофи як ғоя сарҷамъ будану дастгирӣ аз сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишонаи эҳтиром ба давлату давлатдорӣ ва рушди минбаъдаи Тоҷикистон  маҳсуб  меёбад.

Толибҷон Назарзода, раиси  Кумитаи ичроияи ҲХДТ  дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин                                       

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg