АНДЕША.Тавре ҳамагон огоҳем рӯзҳои 15-16- уми июни соли ҷорӣ дар пойтахти давлати мо-шаҳри Душанбе ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё бо иштироки сарони 27 мамлакати дунё ва намояндагии васоити ахбори оммаи ҷаҳонӣ дар сатҳи баланди сиёсию фарҳангӣ доир гардид.
Раванди ин чорабинӣ бори дигар собит намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари дар ҳоли рушд ва аз назари сиёсати ҷаҳонӣ дорои таҷрибаи бузурги давлатдорию сулҳофарӣ рӯз аз рӯз обрӯю нуфузаш дар арсаи ҷаҳонӣ боло рафта, дар масъалаи рушду пешрафт ва шукуфоӣ бо соири давлатҳо ҳамкории беғаразонаю дӯстона дорад. Метавон ёдрас шуд, ки баъди баргузорӣ ва натиҷагирӣ аз ин ҳамоиш аҳолии 70 фисади сайёра аз давлатдорию фарҳанги ғании мардуми Тоҷикистон огаҳӣ ёфта, дар оянда барои ҷалби ҳамкорӣ дар самтҳои гуногун, бахусус, рушди сайёҳӣ, гардиши молу амволи байнидавлатӣ, муҳимтар аз ҳама тарғиби фарҳангу маданияти халқи мо дар арсаи ҷаҳонӣ дар миёни зиёда аз 4 миллиард аҳолии сайёра заминаҳои муфид гузошта шуданд.
Баргузории ҳамоиш бори дигар кишвари моро миёни аҳли сайёра ҳамчун давлати дар заминаи эътиқоди сиёсии аҳолӣ бунёд ва ташаккулёфта муаррифӣ сохта, забони бадбинону бадгӯёни миллати тоҷикро то ҷойе баставу дасташонро кӯтоҳ кард.
Кишвари мо таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раёсати баргузории ин ҳамоиши сатҳи баландро дар мақоми барои ҳамаи тарафҳо мусоид доир намуда, ҳангоми баромад бештар ба масъалаҳои зуҳуроти афзоиши терроризму ифротгароӣ, ҷинояткории муташаккилӣ фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва киберҷинояткориҳо ибрози андеша намуданд.
Дар воқеъ, масъалаҳои аз ҷониби Пешвои миллат матраҳгардида яке аз мушкилоти аввали сатҳи ҷаҳонӣ маҳсуб ёфта, боиси харобии зиёд дар миёни ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи пешгирии ифротгароию ҷинояткорӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир оштинопазир буда, дар ин самт аз ҷониби сохторҳои дахлдори давлатӣ пайваста чораҳои таҳкимбахш мавриди амал қарор мегиранд. Натиҷаи ҳамин тадбирандешист, ки имрӯз сокинони мамлакат дар муҳити фарогир аз оромию осудагӣ кору фаъолият доранд.
Бо вуҷуди ин мушкилоти печидаи Афғонистони ҳамсоя низ боиси нигаронии ҷиддии тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд бошад. Зеро вазъи ноором, афзоиш ёфтани гурӯҳҳои ҷиноятпешаю қудратталаб, терроризму экстремизм дар ин давлат на танҳо ба кишвари мо, балки ба тамоми аҳолии сайёра хавф дорад. Ин нуқта дар баромади Пешвои миллат ба таври мушаххас ва аз назари сиёсӣ воқеъбинона таҳлил ёфта, талошҳои ҷумҳурии моро дар роҳи расидан ба сулҳу дӯстӣ дар ин кишвари ҷангзада тақвият доданд.
Умуман масъалаҳое, ки аз ҷониби Роҳбари давлат дар ҳамоиши 5-уми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё пешниҳоди иштирокчиён гардид, танҳо ба манфиати Ҷумҳурии Тоҷикистон не, балки ба манфиати тамоми сокинони сайёра хоҳад буд. Бубинед, ки истифодаи захираҳои обӣ дар тамоми сайёра ба як мушкилии умдаи аҳолӣ табдил ёфта, аҳолии эҳтиёҷманди ҷаҳон дар симои Ҷумҳурии Тоҷикистон мушкилкушои худро мебинанд, ки ин ғоясозӣ боиси эҳтирому сарфарозии тамоми мардуми мост.
Метавон гуфт, ки дар ин ҳамоиш Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳҳои нави тақвияти робита бо ҷомеаи ҷаҳониро дарёфт намуд, ки дар фаъолияти сиёсии давлат ин нишондоди хеле бузург аст.
Бинобар ин мо аз ин ҳамоиш бо дидгоҳи нав интизориҳои зиёд дорем ва мегӯем:-зиҳӣ Тоҷикистон-зиҳӣ Пешвои миллат!
Толибҷон Назарзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин