БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАЪЮБОН НИЗ ДИЛИ БУЗУРГ ДОРАНД

(Андешаҳо аз Саммити ҳамкории Осиё дар Тоҷикистон)

АНДЕША. Рӯзи 15 июни соли равон дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе  Саммити сарварони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва табдирҳои боварӣ дар Осиё  баргузор гардид. Дар ин маъракаи бузурги сиёсӣ 27 сарони давлату ҳукуматҳои Ҳамкорӣ дар Осиё иштирок доштанд.

Имрӯзҳо Машварати ҳамкорӣ ва табдирҳои боварӣ дар Осиё дар ҷаҳони муосири сиёсӣ ҷои арзандаи худро ишғол намуда, дар ҳаллу фасли масъалаҳои кишварҳои Осиё нақши барҷастаро мебозад. Валекин кори Саммити Осиё танҳо сиёсату давлатдорӣ набуда, масъалаҳои гуногуни рӯзмарра дар ин машварати калон дида баромада мешаванд.

Далели шаръии ин мавриди баҳрабардорӣ қарор додани Маркази тавонбахшии маъюбон  мебошад. Кушодашавии ин Марказ  15 июни соли 2019 дар ҳудуди Муассисаи давлатии миллии тиббии «Шифобахш»  мебошад. Чанд соли охир аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба барномаи ҷаҳонии тавонбахшии маъюбон ворид гашта, таи солҳои охир дар ин самт дар ҷумҳуриамон якчанд корхонаҳо ва муассисаҳое кушода фаъолият намуда истодаанд.

Дар ноҳияи мо низ Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон дар асоси  лоиҳаи « Татбиқ намудани таҷрибаи пешқадами барномаи Тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал барои шахсони маъюб дар ноҳияи Шаҳритуз» бо маблағгузории  Иттиҳоди Аврупо ва Каритаси Олмон таи чор сол фаъолият дорад. Дар ин муддат аз тараф Ташкилоти ҷамъятии «Шифо» дар муассисаҳои таълимии ноҳия, кӯдакистонҳо синфхонаҳои захиравӣ барои ҷалби кӯдакони маъюбият дошта, барои гирифтани саводи аввала ташкил карда шуд. Айни ҳол зиёда аз 20 нафар кӯдаки маъюб дар асоси Барномаи давлатии инклюзивӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳия дар баробари фарзандони солим таълим гирифта истодаанд.

Ин ҳама аз сиёсати оқилонаи сардори давлат далолат медиҳад.

Кушодашавии Маркази тавонбахши дар сатҳи ҷумҳурӣ аз тарафи Сарраёсати агентии туркӣ оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ, ки дар он бевосита хонум Эмине Эрдоган, ҳамсари Президенти Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган иштирок намуданд, далели он аст, ки масъалаи вазинини рӯз, тавонбахшидан ба шахсони имкониятҳояшон маҳдуд, чи дар давлати Туркия ва чи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мадди назари доимии сарони дарвлатҳои номбурда мешавад.

Боварӣ дорем, ки кушодашавии чунин Марказӣ аз лиҳози тиббӣ хуб таҷҳизонида шуда, бо ҷалби мутахассисони варзида ва кордон, ки талаботҳои стандартҳои тиббии имрӯза ҷавобгӯ мебошанд кору фаъолият намуда, ба бисёр шахсони эҳтиёҷманд метавонанд ёрии амалӣ расонанд.

Яке аз масъалаҳои вазнини тиббӣ имрӯза, ба назари ман, ин ёрии баъди ҷарроҳии ( реабелитатсия)  эҳтиёҷмандон мебошад. Дар ин марказ ин тарафи масъала низ дида баромада шуда шароит барои аз нав эҳё ва кӯмаки бадди ҷарроҳии касалон ва эҳтиёҷмандон фароҳам оврада шудааст.

Шахсони имкониятҳояшон маҳдуд  метавонанд, ки ба монанди шахсони имкониятҳояшон бемаҳдуд ба ҷомеа ва давлати худ фоиданок ва самарабахш бошанд, барои пешрафт ва шукуфоии Ватани ҷоноҷони худ низ пурра хизмат намоянд ва онҳоро аз мадди назар ҳеҷ гоҳ баровардан мункин нест.

Тӯйчиева Садбарг,  узви гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси  вакилони халқи ноҳияи Шаҳритуз

     

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg