(Ифтихор менамоем, ки чунин Сарвари давлат дорем)
АНДЕША. Вақте мебинам, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои бонуфузи ҷаҳон бо пешниҳодҳои башардӯстона, сулҳҷӯёна ба хотири зиндагии шоистаи мардуми сайёра баромад менамояд, сарам ба осмон мерасад. Сад бор шукр мекунам, ки чунин Сарвари оқилу доно, ятимпарвар, хайрхоҳи тамоми мардумро Худо насиби халқи азияткашидаи тоҷик гардонидааст.
Ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллатро яко-як номбар кунем, шояд дар таърих роҳбаре ёфт нашавад, ки чун Сарвари давлати мо барои сокинони дунё дар масъалаи дастрасӣ бо оби тозаи ошомиданӣ, муборизаи дастаҷамъона ба муқобили терроризму экстремизм, ҳамкории иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангӣ чун Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббусҳои башардӯстона ба анҷом расонида бошад, ки онҳоро тамоми давлатҳои дунё якдилона пазируфта бошанд.
Ба ёд меорем чор пешниҳоди Пешвои миллатро дар бораи истифодаи самаранок ва мақсадноки об ба хотири дастрасии тамоми мардуми сайёра ба оби ошомиданӣ, пешниҳоди Президенти кишвар дар масъалаи муборизаи дастаҷамъона ба муқобили терроризму экстремизм ва дар давоми як сол дар пойтахти кишвар ду маротиб бо иштироки сарони давлатҳо даъват намудани конфронси байналмилалӣ оид ба аз байн бурдани ин вабои аср.
Боиси қаноатмандӣ ва хушҳолист, ки сарони давлатҳо, роҳбарони ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид ба он хизматҳое, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тамоми ҷаҳониён ва ояндаи неки онҳо анҷом додааст ва медиҳад, қоиланд ва ҳамеша номи Тоҷикистон ва Президенти онро ҳамчун давлат ва Президенти ташаббускор ба некӣ ба забон мегиранд.
Мо шоҳиди ҳол гардидем, ки дар Самити аъзои машварати панҷуми ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки аз 13 то 15 июни соли 2019 ба хотири ҳамзистии осоишта, мубориза ба терроризм, экстремизм, қочоқи силоҳ, одамрабоӣ ва дигар падидаҳои номатлуб дар пойтахти кишвар, шаҳри Душанбе шуда гузашт, сухани аввали баромадкунандагон аз миннатдорӣ нисбати хизматҳои барои тамоми инсоният анҷомдодаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд.
Сарони давлатҳо ва дигар меҳмононе, ки дар ин чорабинии сатҳи ҷаҳонӣ иштирок намуданд, изҳори боварӣ намуданд, ки дар давраи роҳбарии Тоҷикистон ба Самит дар масъалаи ҳамзистии осоишта ва мубориза ба падидаҳои номатлуби аср корҳои самаранок ба анҷом расонида мешавад.
Халилзода Сафар Хоҷа, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ховалинг