НОРАК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Ҷиҳати дар сатҳи баланди сиёсию фарҳангӣ истиқбол гирифтани ҷашнҳои дарпешистодаи давлатӣ ва тарғиби ҳадафҳои созандаи ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии «Чашма-2»-и Ҷамоати деҳоти Дуконии шаҳри Норак вохӯрии судманд доир карда шуд.
Дар чорабинӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ Зоиров Савзалӣ, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр иштирок намуда, оид ба дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ, анҷом додани корҳои хайру сахо ба хотири паст кардани сатҳи камбизоатӣ, саҳм гузоштан дар корҳои бунёдкориву созандагӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд ва бо дастовардҳои назаррас истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ андешаронӣ намуда, ҳамагонро ба корҳои ободонӣ раҳнамоӣ намуданд.
Дар қисмати амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!” гирду атрофи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 ва ҷӯйборҳои обгузар аз ҳаргуна партовҳо тоза карда шуданд.