БОХТАР.Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Қӯргон-2”-и шаҳри Бохтар бо мақсади дар амал татбиқ намудан ва ба омма фаҳмонидани ҳадафҳои Созандаи ҲХДТ ва моҳияти Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” вохӯрӣ доир гардид.
Намояндагони Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб дар бораи ҳадафҳои барномавӣ ва оинномавии ҲХДТ, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, аз ҷумла пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, тарзи дурусти истифодабарии шабакаҳои интернетӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз андешаронӣ намуданд.
Дар охир суханрониҳои муфид ба ҷамъомадагон писанд омада, чанде аз онҳо иброз доштанд, ки мо шаҳрвандон кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки дар амалигардонии ҳадафҳои созандаи ҲХДТ саҳмгузор бошем.