ЛЕВАКАНТ.Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Кафолати Сарбанд»-и шаҳри Левакант оид ба шарҳу тавзеҳи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.
Сухани ифтитоҳиро мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Суҳроб Валиев оғоз намуда, иброз дошт, ки Паёми имсола воқеан раҳнамоест, ки ҳар як сокини кишваро ба меҳнати содиқона ва ба нерӯи бузургу арзандаву ободкорона раҳнамун месозад.
Инчунин, дар идома оид ба ҳадафу мақсад ва аҳамияти тақвияти робита бо маҳал, пешгирӣ аз хатарҳои ҷаҳони муосир, тарбияи ҷавонон дар руҳияи инсондӯстиву меҳанпарварӣ бо истифода аз захираҳои бойи маънавию фарҳангӣ ва таҷрибаҳои таърихии миллати тамаддунофари тоҷик, бо истифода аз мисолҳои ҳаётӣ тавсияҳои асосноку муфид дода шуд, ки ба иштирокчиён рӯҳияи баланди маънавӣ бахшид.
Дар охир иштирокчиён барои амалигардонии Аксияи ҳизбӣ ва иҷрои корҳои созандагию ободонӣ даъват карда шуд.