МӮЪМИНОБОД.Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Шаҳринави Поён»-и ҷамоати деҳоти Деҳибаланди ноҳияи Мӯъминобод хониши сиёсӣ доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор карда шуд.
Дар рафти чорабинӣ намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Раҷабова Гулсунбӣ иштирок намуда, ҷиҳати дастгирӣ ва саҳмгузорӣ дар корҳои хайру сахо, обод кардани гӯшае, корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар доираи Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» ҷиҳати сазовор истиқбол намудан аз ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва дигар ҳадафҳои созандаи ҲХДТ суханронӣ карда, баҳри боз ҳам хубтару беҳтар ба роҳ мондани корҳои ободонӣ ҳамагонро ба амалҳои созандагию бунёдкорӣ даъват кард.