КӮШОНИЁН. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик зебоипарастӣ яке аз сифатҳои муҳими инсонист. Манбаи зебоӣ аввалан аз табиат маҳсуб меёбад. Ташкили тарбияи самараноки экологии шаҳрвандон имкон фароҳам меоварад, ки инсон табиат ва муҳити зистро тоза нигоҳ дорад, онро афзун гардонад ва худ дар он сиҳату саломат умр ба сар барад, муҳити аз ҷиҳати экологӣ тозаро ба наслҳои оянда боқӣ гузорад.
Ба ин хотир барои сазовор пешвоз гирифтани 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии деҳаи “Ортод” – и Ҷамоати шаҳраки Бохтариёни ноҳияи Кӯшониён бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” корҳои ободонӣ ташкил карда шуда, гирду атрофи деҳа ва оромгоҳ тоза ва ба тартиб дароварда шуд.