ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар деҳаи Доққии Ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти давлатии ноҳияи Қубодиён хониши сиёсӣ дар мавзӯъи “Ободии кишвар аз ободии маҳал сар мешавад” баргузор гардид.
Абдураҳимова Фирӯза мудири бахши кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб оид ба нуктаҳои Паёми навбатӣ сухан гуфта, қайд намуд, ки Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарогири тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа буда, дар он бурду бохти соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар мавриди таҳлили амиқ қарор гирифтааст ва бо пешниҳоди Роҳбари давлат солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шуд. Дар ин самт мезасад ҷиҳати тадбиқи нуқтаҳои Паёми Пешвои миллат ҳама сокинон сарбаландона камари ҳимат банданд.Аз ин хотир мо шаҳрвандони бонангу номусро лозим аст баҳри амалӣ гардидани дастуру супоришҳои аз Паём бароянда саҳми назаррас гузорем.
Инчунин, дар идома даъват бар он карда шуд, ки дастуру супоришҳои Пешвои миллатро сармашқи кори худ қарор дода, бо ҷалби шахсони саховатманд ба корҳои ободонӣ камари ҳиммат бандем.
Дар охир раиси ташкилоти ибтидоии “Бӯстон”-и деҳаи Доққӣ Ҳомидов Холбой иброз дошт, ки дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, тамоми кӯшишу ғайрат ва малакаи хешро баҳри ободии Тоҷикистони азиз равона хоҳем кард.