ВОСЕЪ. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Бо иштироки масъулини ҳизбӣ дар деҳаи Қайнари Ҷамоати деҳоти М. Вайсови ноҳияи Восеъ бо мақсади татбиқи Аксияи ҳизбии "Якҷоя ҳал мекунем!" ва ҷиҳати ободонии деҳа ҳашари умумӣ баргузор гардид.
Дар ин рӯз сокинони деҳаи Қайнар бо дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ ҷиҳати рушду ободонии деҳаи худ ба ҳашари умумӣ баромада, аз ҳисоби маблағҳои шахсӣ, ки барои рушду ободонии деҳа ҷамъоварӣ намуда буданд, ҷӯю заҳбурҳои дохилии деҳаро тозаю аз навсозӣ намуда, ӽамзамон ба хотири чароғон гаштани маҳал дар симчӯбҳои кȳча, лампаӽои равшанидиӽанда насб карданд.
Аз ташаббусӽои созандаи ҳизбиён, ки аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат бармеояд, сокинон изӽори миннатдорӣ намуда, то ҷашни 30- солагии Истиқлолиятӣ давлатӣ саӽми арзанда худро мегузоранд.