БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИРО КОМИЛ НАМУД!

ЁВОН. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Чанде қабл дар доираи бурдани корҳои созандагию бунёдкорӣ, роҳандозии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» хониши сиёсӣ атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии “1 Май” баргузор гардид.

Дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя  ҳал мекунем!” дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 53 синфхонаҳои илогӣ сохтмонаш оғоз ёфта, дар ин самт корҳои сохтмони ҷараён  доранд.

Ҳамзамон,  дар қисмати дуюми чорабинӣ аз ҷониби намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон оид ба сиёсати хирадмандона ва сулҳҷӯёнаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқболи ҷашни Ваҳдати миллӣ, сазовор ҷашн гирифтани 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ, пешгирии амалҳои коррупсионӣ, риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ободии деҳа ва маҳали зист андешаронӣ карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg