БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР ТАҲКИМИ ДАСТОВАРДҲОИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

ДАНҒАРА. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади  баланд бардоштани тақвияти робита бо маҳал дар ташкилоти ибтидоии "деҳаи Шибонсой"-и ҷамоати деҳоти Лоҳури ноҳияи  Данғара хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ  Каримов Пирмуҳаммад  раиси  Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ иштирок намуда, атрофи мавзӯъҳои нақши Ваҳдати миллӣ дар таҳкими дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - меъмори сулҳу Ваҳдати миллӣ суханронӣ намуданд.

Дар охири чорабинӣ ҷиҳати саҳмгузорӣ намудани мардум корҳои ободониву созандагӣ маҳал, аз қабили сохтани мактабу бунгоҳҳои тиббии замонавӣ барои беҳтар намудани мушкилоти мардум ва дигар амалҳои созандаву бунёдкорона аз ҷамъомадагон даъват ба амал овард.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg