ВАХШ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар ташкилоти ибтидоии «Давлаталӣ Зардов»-и Ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон дар мавзӯъи «Аз байн бурдани таассуби динӣ ва хурофотпарастӣ бо ҳадафи солим нигоҳ доштани маънавиёти ҷомеа» суҳбату вохӯрии судманд доир намуд.
Дар вохӯрии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Одилҷон Маҳмадов ва дигар шахсони масъул иштирок ва суханронӣ намуданд.
Маҷлисро Одилҷон Маҳмадов оғоз намуда, дар мавзӯъи болозикр сухан ронда, қайд кард, ки ҳар қадар маънавиёти ҷомеа солим бошад, ҳамон андоза давлат ба пешравию муваффақиятҳо ноил мегардад. Бо дарки ин маънӣ ҳар як давлату ҳукумат нахуст ба солимгардонии маънавиёти халқи худ кӯшиш мекунад ва дар айни замон гурӯҳҳои манфиатҷӯву тахрибкор баръакс, ба ифротсозиву заҳролудшавии маънавиёти мардум тамоми кӯшишҳои худро равона месозанд. Инчунин, қайд гардид, ки дин аз ҳама нуқтаи ҳассоси ҳаёти маънавии ҷомеаро ташкил медиҳад ва бо дарки ин, нахустҳуҷуми гурӯҳҳои ифротӣ низ аз ин роҳ ба сӯи маънавиёти ҷомеа бо мақсади шикастани рӯҳияи давлатдории миллӣ равона карда шудааст.