КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар асоси нақшаи омодагиҳо ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён дар деҳаи Гагарини Ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Кӯшониён бо сокинон суҳбат оростанд.
Расидан ба Ваҳдати миллӣ, нақши бузурги Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин раванд, рафти омодагиҳо ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва саҳмгузорӣ дар корҳои ободонӣ, зебогардонӣ ва созандагӣ дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” аз мавзӯъҳое буданд, ки дар ин суҳбат мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Инчунин, қайд карда шуд, ки кулли комёбиҳои ин даврон туфайли сулҳу ваҳдат даст дода, ин неъмати бебаҳо бояд ҳифзу гиромӣ дошта шавад.