БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАШАББУСИ НАВБАТӢ БА ҶАШНИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТ!

ВОСЕЪ. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноӽияи Восеъ вохȳрии навбатӣ дар деӽаи Арали ҷамоати деӽоти ба номи Миралӣ Маӽмадалиеви ноӽияи Восеъ гузаронида шуд.

Дар ҳамоиш Раҷабова Шаҳноза атрофи боло бурдани нақши сокинон дар рушди иқтисодии кишвар, дар заминаи рӯ овардан ба корҳои хонагӣ ва хоҷагидорию соҳибкорӣ, эълон гардидани солҳои 2019 -2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва саҳми ҳар шаҳрванд дар 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ намуд.

Ҳамзамон, мавсуф аз ҳар як иштирокчии чорабинӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ, ки ба рушду нумуи кишвар равона карда шудааст, даъват ба амал овард.

Инчунин, дар доираи Аксияи ӽизбии «Якҷоя ӽал мекунем!» ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ сохтмони бинои муассисаи таълимии деҳа оғоз карда шуда, корҳои бунёдкорӣ бо маром идома доранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg