Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

ҲАМОИШИ ПАНҶУМИ МАШВАРАТИ ҲАМКОРӢ ВА ТАДБИРҲОИ БОВАРӢ ДАР ОСИЁ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ БОРИ ДИГАР ТОҶИКИСТОНРО МАШҲУРИ ОЛАМ КАРД!

АНДЕША. Дар ҳошияи Ҳамоиши панҷуми машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё  дар шаҳри Душанбе. Чуноне, ки ба ҳамагон маълум аст 14-15 июни соли 2019 дар пойтахти ватанамон - шаҳри Душанбе ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё бургузор гардид.

Барои иштирок дар кори ҳамоиши сатҳи байналмилалӣ роҳбарони  давлатҳо, ҳукуматҳо ва намояндагони воломақоми кишварҳои гуногуни олам, намояндагони васоити ахбори ҷаҳонӣ ширкати фаъолона доштанд. Бо қаноатмандӣ бояд иброз намоем, ки дараҷаи фарогирӣ бе ниҳоят васеъ буд. 

Масалан,  шумораи умумии меҳмонон, коршиносону кормандон ва сарони давлатҳо, ки  дар ин ҳамоиш ҷамъ омада буданд, зиёда аз се ҳазор нафарро ташкил доданд. Шумораи хабарнигороне, ки аз пойтахти кишвар хабарро ба тамоми дунё пахш карданд,  ба зиёда аз 650 нафарро ташкил доданд, ки ин ҳам дар баргузории чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ бесобиқа унвон карда мешавад. Дигар фарқияте, ки дар ин ҳамоиш дида мешуд,  27 кишвари иштирокчӣ маҳз Тоҷикистонро ба сифати мизбони ин хамоиш интихоб карданд. Барои он Тоҷикистонро интихоб карданд, ки Тоҷикистон  барои гузаронидани Самити 5-ум аз назару диди онҳо ва ташкилотҳои умумиҷаҳонӣ ба монанди Созмони Миллали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар фазои пасошуравӣ умуман дар ҷаҳон яке аз давлатҳои амнтарини  дунё ба шумор меравад.

Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари биҳиштосои мо субот, сулҳу салоҳ пойдор аст. Аз  ҳамин хотир пойтахти кишвари моро барои баргузории ин ҳамоиш интихоб карданд, ки ин бояд барои ҳар як сокини бонангу номуси кишвар шарафи бузург  бошад.

Дигар хусусияти ин ҳамоиш дар он аст, ки Тоҷикистон нисбат ба дигар давлатҳо дар гузаронидани  ҳамоишҳои байналмилалӣ бисёр таҷрибаи хубу назаррас дорад. Тоҷикистони соҳибистиқлол бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аксарият ҳамоишҳои байналмилалӣ чандин солҳо раисӣ кардааст ва таҷрибаи зиёдеро дар ин самт дорост.

Дар сатҳи баланди сиёсӣ омода ва баргӯзор кардани чунин ҳамоиш  бисёр кори вазнин аст, ҳарчанд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон тариқи шабакаҳои телевизионӣ  тамошо карданд, вале корҳои ташкилӣ, амниятӣ, фаъолияти шабонарӯзии роҳбарони сохторҳои дахлдор, омода кардани шаҳри Душанбе барои қабули меҳмонон, зебоипарастӣ, масъулиятшиносӣ  ва меҳмоннавозии мардуми тоҷик аксарият иштирокчиёни ин ҳамоишро дар ҳайрат гузошт.

Дар омода кардани шаҳри Душанбе барои баргузории ин ҳамоиш, ороиши боғу гулгаштҳо хизматҳои шабонарӯзии раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро қайд кардан ба маврид аст. 70-80 фоизи корҳои дар сатҳи баланд баргузоргардидаи ҳамоишро фаъолияти босамари шаҳрдорӣ ташкил медоданд. Тарафи дигари ин ҳамоиш аз он иборат буд, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати пешқадам дар сатҳи мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва ба муқобили гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар эътироф гардидааст. Ин масъалае, мебошанд, ки дар 4 ҳамоиши пештара ҳам мавриди баррасӣ қарор дода шуда буд.

Дар баробари мубориза бо терроризм ва экстремизм масъалаҳои иқтисодии давлатҳои аъзои машварат низ матраҳ гардиданд. Мавриди зикр аст, ки Тоҷикистон дар зарфи 28 соли Истиқлолияти давлатӣ собит намуд, ки  ҳамеша ва собитқадамона бар зидди падидаҳои номатлуби замони муосир мубориза мебарад. 

Ҷойи зикр аст, ки чор ташаббуси Президенти маҳбуби мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи об  дар сатҳи ҷаҳон рӯи даст гирифта шудааст. Агар мо чуқуртар андеша кунем масъалаи обро  беҳуда Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон набардоштааст.  Чунки ин ташаббус танҳо як масъалаи об нест балки, масъалаи иқтисодӣ, экологӣ, иҷтимоӣ ва ҳам масъалаи фарҳангӣ аст.

Аз  таҳлилҳои коршиносон аҳамияти қитъаи Осиё дар рушди минбаъдаи ҷаҳон солҳои оянда бозҳам болотар хоҳад рафт. Зеро дар Осиё давлатҳое, арзи ҳастӣ  доранд, ки аз ҷиҳати тараққиёти иқтисодӣ ҷаҳонро ба ҳайрат гузоштаанд. Ба мисли Сингапур, Тайланд, Филипин, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷумҳурии Халқии Хитой. Суръати тараққиёт ё рушди иқтисодиёти ин давлатҳо ниҳоят калон аст. Аз ин рӯ ин давлатҳо, давлатҳое ба ҳисоб мераванд, ки дар ҳаллу фасли масъалаҳои байналмилалӣ мавқеи муайяни меҳварии худро доранд.

Нисфи зиёди  аҳолии ҷаҳонро ҳамин қитъа ташкил медиҳад. 4 милиарду 200 милион нафар. 27 давлате, ки дар инҷо аъзо ҳастанд 90 фоизи қитъаи Осиёро ташкил медиҳанд ва ҳамин 27 давлат 3 %-и маҷмуи маҳсулоти дохилии  ҷаҳонро истеҳсол мекунанд.

Аз ҳамин лиҳоз инҷо ҳақ бар ҷониби Президенти маҳбуби мост, ки гуфта буд, дар мубориза ба муқобили терроризм, экстремизм ва дигар таҳдиду хатарҳои дунё муборизаи духура ҳеҷ фоидае намеорад. Танҳо мавқеи якҷояи дастҷамъонаи давлатҳо метавонад боиси мувафаққият шаванд.

Аҳамияти машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё боз дар он аст, ки дар масъалаи ҳаллу фасли низоъҳои минтақа метавонад нақши калонро бозад.

Ин ҳамоиш дар  шаҳри Душанбе бори дигар исбот кард, ки машварати мазкур ҳамтои дигаре надорад. Беҳтарин машварат дар қитъаи Осиё аст.

Тамоми интизориҳое, ки дар ин ҳамоиш ҳамагон интизор буданд, амалан онҳо ҳаллу фасли худро ёфтанд. 

Аҳамияти ҳамоиши Душанберо мумкин имрӯз мо онқадар эҳсос накунем, вале бо гузашти  моҳ ва ё сол аҳамияту моҳияти масъалаҳое, ки дар шаҳри Душанбе матраҳ шуданд афзудан мегиранд, чунки масъалаҳои муҳими ҳаётӣ дар инҷо ҳали худро ёфтанд.

Аз руҳияи иштирочиёни ин ҳамоиш баръало эҳсос карда мешуд, ки ҳама масъул ҳастанд, хусусан хабарнигорон, аз ҷумла сарони давлатҳо бисёр ҷидан дар баргузории ин самит муносибат карданд, ки ниҳоят ба мақсад расиданд.

Талошҳои шабонарузӣ ва сиёсати хирадмандонаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистонро  бо баргузории ин ҳамоиш ҳамчун давлати соҳибихтиёру дунявӣ ва миллати моро ҳамчун миллати бофарҳангу тамаддунофар  ва меҳмоннавоз бори дигар ба ҷоҳониён муаррифи кард.

 

Неъматулло  Иброҳимзода, муовини  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон              

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg