БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МЕҲМОННАВОЗИИ ТОӋИКОН АЗ ҚАДИМ ХУСУСИЯТИ ХОСИ ДӮСТОНАЮ САМИМИЯТИ БАЛАНД ДОШТ ВА ҲОЛО НИЗ ДОРАД

АНДЕША. Дар ҳошияи Ҳамоиши панҷуми машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар осиё  дар шаҳри душанбе. Гуфтаҳои устод Мирзо Турсунзода имрӯз асоси худро пайдо намуданд, зеро фарзанди фарзонаи миллат ҳама анъанаҳои меҳмоннавозии тоӌиконара барои сарони давлатҳо, ҳукуматҳо ва иштирокчиёни ҳамоиши 5-уми Машварати ҳамкори ва тадбирҳои бовари дар Осиё ба ӌо оварданд.

Санаҳои 14 ва 15 июн дар шаҳри Душанбе ҳамоиши панӌуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё таҳти раёсати Ӌумҳурии Тоӌикистон баргузор гардид. Ҳамоиши мазкур имкониятро фароҳам овард, ки дар он вазъ ва дурнамои муносибатҳои дуӌониба ва бисёрӌониба баррасӣ гардиданд.

Бо мақсади дар сатҳи баланди байналмилаливу минтақавӣ доир гардидани ҳамоиш пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе идона ороста шуда, гулу гулбуттаҳои ороишӣ гулрезӣ карда шуда, ба симои шаҳр ҳусни тоза зам карданд. Ҳамоиш дар сатҳи олӣ доир гардид, зеро аз чеҳраҳои иштирокдорони он ҳувайдо буд, ки Тоӌикистони азиз бо самимият ва бо руҳи болида меҳмононро қабул намуда, барои хуб доир гаштани ҳамоиш шароитҳои мусоид фароҳам овардааст.

Санаи 14 июн дар яке аз мавзеъҳои хушбоду ҳавои кишвар, дараи Варзоб дар бӯстонсарои беруншаҳрӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори сарони давлатҳо ва ҳайатҳои иштирокчии ҳамоиш  шоми дӯстӣ баргузор намуданд, ки дар он таъриху тамаддун, фарҳанг, расму оини неки меҳмоннавозии тоӌикона муаррифӣ карда шуд. Дидан кардан аз мавзеъи зебову биҳиштосо, шиносоӣ бо ҳунарҳои қадимаи мардумӣ, маҳсули дастони ҳунарманони соҳибзавқ, таомҳои лазизи тоӌикона, нону шириниҳо, меваҳои шаҳдбор, хушкмеваю асал ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ дар хотироти меҳмонон то дер боз боқӣ хоҳад монд.

Меҳмоннавозии аънанавии тоӌикона аз қадим ҳусусиятҳои хоси дӯстонаю самимияти баланд дошта, Пешвои миллат, Президенти мамлакат меҳмононро бо меҳмоннавозии тоӌикона, бо қалби саршор аз меҳру самимият, таббасуми масрурона истиқбол намуда, бо намунаи беҳтарини ҳунарҳои мардумӣ, маҳсули эъӌози устоҳои чирадаст, хонаҳои миллӣ, ороиши дастархони тоӌикона, таъомҳои гуногуни кадбонуҳои пурҳунар шинос карданд. Аз дидани чунин манзара ва меҳмоннавозии тоӌикона иштирокчиёни ҳамоиш ба ваӌҳ омада,  мегуфтанд: “Воқеан Тоӌикистон кишвари офтобрӯя ва дорои неъматҳои бебаҳои тибиӣ буда, маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тозаю хушсифат дорад ва мардуми меҳманнавози он бо роҳбарии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои тинӌиву амн ва руҳияи ватандӯстиву худогоҳӣ ҳамоиши мазкурро доир намуданд.

Сайру гашти меҳмонони олимақом дар фазои басо гарму самимӣ ва дӯстию бародарӣ ӌараён гирифта, суҳбати озоди дӯстона намуда, аз табиати сабзу ҳавои тозаи Тоӌикистони офтобӣ ҳаловат бурданд ва ба намоиши намудҳои таомҳои миллӣ таваҷӌуҳи зиёд зоҳир карданд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки мардуми тоӌик бо роҳбарии Пешвои миллат расму оини меҳмонновозии тоӌиконаро  хуб нишон дода, таърих, тамаддун ва фарҳанги миллиро  дар ҷаҳон муаррифӣ намуданд.

 

Одиназода Ҳуснигул, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg