БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ БОНУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДОРӢ АСТ!

АНДЕША. Дар ҳошияи Ҳамоиши панҷуми машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё  дар шаҳри Душанбе.  Солҳои охир Тоҷикистони  азизу соҳибистиқлоли мо бо ташаббусҳои бобарору зарурӣ, оид ба ҳалли проблемаҳои глобалии ҷаҳонӣ ва минтақавӣ дар арсаи байналмилалӣ мақоми хосаро касб намудааст.

Боиси ифтихору сарфарозист, ки ҳафтаи гузашта Ватани азизу маҳбуби мо- Тоҷикистони соҳибистиқлол боз дар сархати иттиолотии расонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоии дунё қарор гирифт. Аз 14 то 16- июни соли ҷорӣ дар шаҳри сулҳу дӯстӣ ва зебову дилрабои мо Душанбе -пойтахти кишвари азизамон, ки бо шиору овезаҳо ва гулу гулбуттаҳои рангоранг ороста шуда буд, Машварати панҷуми ҳамкори ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё баргузор гардид, ки раёсати ин ҳамоиши сатҳи олиро Тоҷикистони азизи мо ба уҳда дошт.

Барои иштирок дар ин ҳамоиши сатҳи оли сарону намояндагони 28  давлату ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд ва ҳар кадоми онҳоро Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як самимияти гарму меҳмоннавозонаи тоҷик истиқбол намуда, бо онҳо суҳбату мулоқотҳои дӯстонаву самимона анҷом доданд.

Рафти ҷараёни ин Ҳамоиши бонуфӯзи байналмилалиро зиёда аз 650 нафар намояндагони воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоии ҷаҳон  давоми ҳафта ба таври васеъ инъикос намуданд.

Истиқболи гарму самимӣ ва меҳмоннавозии олии тоҷикона, ташкилу муҳайё намудани шароити хуби фаъолияту истироҳат, иштирокчиёни ин ҳамоишро ба ваҷд овард ва онҳо зимни суханронии хеш ба Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми шарифи тоҷик барои ин меҳмоннавозӣ изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.

Дар фарҷоми ҳамоиши мазкур аз тарафи иштирокчиёни он якдилона Эъломияи Ҳамоиши панҷуми машварати ҳамкорӣ  ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё қабул гардид, ки ба рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстонаи давлатҳои иштирокчӣ, заминаи мусоид фароҳам меорад.

Дар доираи ин Ҳамоиши сатҳи олӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо риояи расму оини қадимаи меҳмоннавозии тоҷикона дар Бӯстонсарои берун аз шаҳр  ба ифтихори  иштирокчиёни он «Шоми дӯстӣ» баргузор намуданд, ки ҳадаф аз он муаррифии расму оин ва анъанаҳои неки тоҷикон, намоиши меваю сабзавоти шаҳдбори аз ҷиҳати экологӣ тоза, таомҳои қадимаю ҳозираи миллии тоҷикӣ ва табиати биҳиштосои Тоҷикистони азиз буд.

 Дар ин намоишгоҳ намудҳои гуногуни меваю сабзавот, таомҳои миллӣ ва маҳсули дастони ҳунармандони чирадасти тоҷик ба маърази тамошо гузошта шуданд, ки ба он иштирокчиёни Ҳамоиш баҳои баланд доданд. Фикр мекунам, бо баргузор намудани «Шоми дӯстӣ», анъанаҳои неки ниёгон,  меҳмоннавозӣ ва оростани хони пурнозу неъмати тоҷикона Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба ҷаҳониён собит намуданд, ки миллати куҳанбунёди тоҷик аз қадимулайём меҳмондӯсту меҳмоннавоз ва фарҳангдӯсту тамаддунофар буд ва мемонад.

Баъди тамошои ин меҳмоннавозӣ ва изҳори сипосу миннатдории меҳмонон вуҷуди маро ҳамчун як фарди ин миллати куҳанфарҳангу соҳибтамаддун ҳисси ифтихору қаноатмандӣ фаро гирифта, беихтиёр мисраҳои шеъри шоири маъруфи миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон  Мирзо Турсунзода ёдам омад:

 Дӯст ояд гарм дар оғӯш гир

 Расми хуби тоҷиконро гум макун.

Зиҳӣ чунин фарзанди фарзонаи миллат, Пешвои муаззам, эҳёгари расму оини қадимаи миллат. Фикр мекунам ин ифтихору сарфарозии ҳар фарди ватандӯст ва бонангу номуси миллати тоҷик хоҳад буд.

Боварии комил дорам,  ки баргузории ин ҳамоиши байналмиллалӣ,  истиқболи гарму самимӣ ва меҳмоннавозии тоҷикона обрӯ ва нуфузи Тоҷикистони азизи моро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам болотар мебардорад.

Аз ин хотир ҳар фарди бо нангу номус ва дилсӯзу ватандӯсти Ватани азизамонро лозим аст, ки бо ифтихору қаноатмандӣ аз сулҳу оромӣ, ободию пешрафти кишвар, бо пуштибонӣ аз сиёсати сулҳҷӯёнаву инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри боз ҳам ободу зебо гардидани Ватани аҷдодии хеш софдилона меҳнат намуда, ҷавононро дар руҳияи худшиносию худогоҳӣ, ифтихор аз Ватану ватандорӣ, тарбия намоем ва бо ин амали хеш дар пешрафту инкишофи минбаъдаи Ватан саҳми сазовори худро гузорем.

Маҳмадаюб  Шарифзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳияи Қубодиён

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg