БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МУБОРИЗАИ ДАСТАҶАМЪОНА ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ МАНФИАТОВАР АСТ

ВОКУНИШ. Чи тавре, ки ба ҳамагон маълум аст, экстремизм, яъне ифротгароӣ ва терроризм даҳшатафканӣ падидаҳое мебошанд, ки  дар тӯли таърихи башарият кулли мардуми сайёра зидди ин зуҳуроти  номутлуб мубориза мебаранд. Таърихи ин ду  падида хело тӯлонӣ аст. Ҳатто дар замонҳои қадим  гурӯҳҳое вуҷуд доштанд, ки болои гурӯҳҳо ва дигар қабилаҳо ба воситаи ифротгароӣ ва даҳшатафканӣ мақсадҳои нопоки худро амалӣ месохтанд.

Аз ибтидои ҳазораи нав амалҳои ифротгароӣ ва даҳшатафканӣ бештар харакатери сиёсӣ гирифтанд. Кишварҳои абарқудрат бо истифода аз ин ду роҳ мақсадҳои нопоку ғаразноки худро болои дигар кишварҳо амалӣ намуда, барои манфиати худ гурӯҳҳои террористиро омода намуда, вориди майдони сиёсат менамуданд. Бо пешрафт ва инкишофи техникаву технологияи муосир шаклу намудҳои нави террористӣ ба вуҷуд омаданд, ки аз рӯи иқтидори харобиовариашон ба амалиёти калони ҷангӣ шабоҳат доранд.

Баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва баъд аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон низ бар асари таъсир ва даст доштани баъзе аз кишварҳои манфиатхоҳ  гурӯҳу созмонҳое ташкил шуданд, ки дар фаъолияти худ аз ду амали дар боло зикргардида истифода менамуданд ва ин амали онҳо ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонид, ки мақсади асосии кишварҳои манфиатхоҳ буд. Дар ин марҳилаи пурҳаводис гурӯҳи осебпазир пеш аз ҳама ва беш аз ҳама қишри ҳассоси ҷомеа – ҷавонон маҳсуб меёфт, ки ин як фоҷеаи бузург барои миллати тоҷик буд. Гурӯҳҳои манфиатхоҳ кӯшиш мекарданд, ки бисёртар ҷавононро ба сафи худ ҷалб намоянд. Ҳамин амали ноҷавонмардонаи онҳо буд, ки ҷавонони зиёди мо зери таъсири идеологияи ташкилотҳои ифротӣ ва террористӣ ҷони худро аз даст дода, қурбони сиёсати ваҳшиёнаи онҳо гаштанд.

Танҳо хиради азалии мардуми шарафманди Тоҷикистон ва сиёсати сулҳҷӯёна ва инсонпарваронаи Роҳбари муаззами мардуми тоҷик, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ҷавонони бонангу номуси миллатро имкон дод, то дар муддати нисбатан кӯтоҳ дар кишвари мо сулҳу оромӣ аз нав пойдор ва Истиқлолияти давлатӣ боз ҳам комил гардад. Вале мутаасифона баъзе аз гурӯҳҳо манфиатхоҳ, хоинони миллати тоҷик дар ҳамин давра низ оромии миллати тоҷикро намехостанд, барои ноором кардани кишвар ҳамеша кӯшиш мекарданд.

Ҳамин тариқ, аз ҷониби мақомотҳои дахлдори давлатӣ, ки он замон он қадар қувваи бузург надоштанд вобаста ба пешгирии чунин амалҳои зишту нанговар тадбирҳои мушаххас амалӣ мегардид. Ҷавонони шуҷои Ватан баҳри ҳимояи  марзу буми он ҳамеша омода буданд.  Вале як сохтор ё мақоми давлатӣ наметавонист ба танҳоӣ кулли ҷомеаро тағйир диҳад. Дар ин роҳ мардуми мо, хусусан, ҷавонон маърифати созанда нишон дода, даст ба дасти якдигар ниҳода муборизаро зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлуб шиддат бахшиданд. Ҳамин иттиҳоди миллат, бахусу ҷавонон зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат буд, ки имрӯз Тоҷикстони биҳиштосо ва ба ҷон баробари мо яке аз кишварҳои шинохтатарин дар дунё мубаддал гашт.

Хулоса ҳар яки мо вазифадорем, ки пеш аз ҳама намунаи ибрат бошем, нангу номуси ватандорӣ дошта бошем, ҷавонон ва мардуми кишварро ба ободу пешрафта гардонидани Ватани азизамон ҳидоят намоем, пеши роҳи ҳамагуна бегонапарастӣ  ва  хиёнаткориро гирифта, манфиатҳои миллӣ ва давлатиро аз манфиати шахсӣ боло гузошта, ҳушёру зирак ва ватандӯст бошем.

Парвина Исмоилова,  мутахасиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар шаҳри Норак  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg