БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ АҚИДАҲОИ ИФРОТӢ МО ШАҲРВАНДОН БЕТАРАФ НЕСТЕМ!

ВОКУНИШ. Дар моварои таърихи башарият ҳазорҳо ҳодисаву воқеаҳое ҳастанд, ки андешаи одамонро ба шӯр меоранд. Ташкилоти террористиву экстремистии «Назҳати Ислом», ки фаъолияти пасипардаашон бо далелҳои раднопазир ошкор шудаву дар кишвар фаъолияташ маън карда шудааст, кӯшиши ноором сохтани вазъи сиёсии ҷомеаро намуда истодаанд.

Шармандаҳои ин гурӯҳҳои ифротгароӣ ва бевиҷдонон хуб дарк накардаанд, ки хасу хори Ватан аз он палидҳое, ки онҳо имрӯз барои ин миллату ин сарзамини озоду соҳибистиқлол хиёнат мекунанд, пурарзиштар аст. Имрӯзҳо нафароне ҳастанд, ки ба қадри ин миллату ин давлати хеш намерасанд, чунки онҳо гумроҳанд, намедонанд дар ҳаёти имрӯза ба манфиати кӣ кор карда истодаанд. Сабаби ин ҳама кӯрзеҳниҳо надоштани иродаи сиёсию ватандӯстӣ, наомухтан дар макотибҳои миёнаву олӣ, надоштани тафаккури ахлоқиву сиёсӣ ва меҳанпарастӣ мебошанд.

Мо аз таърих хуб огоҳ ҳастем, ки чӣ  мусибатҳое дар ин сарзамин гузаштааст ва ҳеҷ гоҳ намегузорем, ки боз такрор ёбад. Ҳар як ҷавони имрӯзаи мо дорои ҳисси баланди миллӣ, дониши мукаммал ва фаҳмиши амиқ мебошанд, ки дар ин роҳ мисли сипар ӯро ҳимоя мекунанд. Сиёсати дурандешонаи меъмори қасри муҳташами бегазанди сулҳу ваҳдати Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хиради азими миллати тамаддунофару фарҳангиамон такягоҳи  рӯзгори осудаву ободи мост.

НЕЪМАТОВ Ҷомӣ,  корманди КИ ҲХДТ дар ноҳияи Данғара

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg