БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДУШМАНОНИ ДАВЛАТИ МО ДАР ОРЗУИ ОНАНД, КИ ДАР КИШВАРАМОН ҲОДИСАИ НОХУШ БА АМАЛ ОЯД

ВОКУНИШ. Душманони давлати мо дар орзуи онанд, ки дар кишварамон ҳодисаи нохуш ба амал ояд. Зеро онҳо инро бо ҷону дил мехоҳанд. Ба он, ки онҳо ба мақсади нопоки худ нарасиданду дар ба дару ватангадоян, дастнигари хоҷагони хориҷӣ гардиданд ва дар бухсу кина, бадбинӣ, ғаразу туҳмат ва дигар хислатҳои бади инсонӣ то гӯлӯ ғӯтидаанд.  

Ба амал омаданд  ҳолатҳои нохушро дар кишварамон  душманони миллат доимо интизоранд ва барои баамаломаданашон шабу рӯз орзуҳамҳам  мекунанд. Баъди дар  сомонаҳои интернетӣ дидаю дониста паҳн намудани суханҳои бардурӯғ   нисбати давлату роҳбарияти давлат хоҷагонашон  ба он худозадаҳо дасти саховат мекушоянд.  

Имрӯз аъзои ташкилоти террористӣ – экстремистии “ Гурӯҳи - 24”, аъзои

“Паймони зидди Тоҷикистон” аз қурбониёни фоҷеаи дар зиндони шаҳри Ваҳдат ба амаломада манфиат ҷӯстан мехоҳанд.  Онҳо дар рух додани ин ҳодиса аъзои ташкилоти террористӣ- экстремистии “ Давлати исломӣ” не, балки Ҳукуматро гунаҳкор кардан мехоҳанд, ки комилан ин фикри манфуронаашон ғалат аст.

Гарчанде дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки ҷасадҳои душманон ва хоинони миллат ба соҳибонашон баргардонида намешавад. Вале чи тавре мо шоҳиди ҳолем, баъди чунин ҳодисаҳои нангин роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста ба талаботи қонун бо зоҳир намудани эҳсосоти баланди инсонӣ ҷасадҳои қурбониён ва ҳатто аъзои гурӯҳҳои террористӣ барои гӯронидан ба соҳибонашон дода шуд.Чунин ҳолатро соли 2015 дар куштагони  онҳое, ки мехостанд табаддулоти давлатӣ ба амал биоранд, мушоҳида намуда будем. Роҳбарияти давлат ҳатто ҷасади роҳбари табаддулот Абдуҳалим Назарзода( Ҳоҷӣ Ҳалим)-ро  барои гӯронидан ба соҳибонаш дода буд.  Баъди ҳодисаи дар ҳабсхонаи шаҳри Ваҳдат рухдодаҳам дар қатори қурбониён ҷасади писар ва бародари хоини миллат полковник Гулмурод Ҳалимов ташкилкунандагони бетартибӣ ва террор Беҳрӯзи Гулмурод ва Фахриддин Гулов барои гӯронидан ба зодгоҳашон фиристода шуданд.

Вале аъзои гурӯҳҳои террористии номбурда бо иғвогарӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо баръакси амали ҳақ таблиғот  мекунанд, ки гӯё ҳукумат ҷасадҳои қурбониёни фоҷеаро намедиҳад.

Мо ба Кабирӣ ва атрофиёнаш гуфтанием, ки аз ҷасадҳои қурбониён манфиат ҷӯстан, пул кор кардан амали пасти инсонист. Ба ҳамон монанд аст, ки  аз гӯшти мурдагон умеди шикам сер кардан доред.   

Сайҷалол Сатторов, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ  дар ноҳияи  Ховалинг    

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg