БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАҲДАТУ СУБОТИ ҶОМЕА ОМИЛИ АСОСИИ РУШД!

АНДЕША. Рӯзи 27 июн дар ҳаёти мардуми Тоҷикистон ҳамчун санаи мухим ва муқаддас ба ҳисоб меравад. Ҳамасола «Рӯзи Ваҳдати милли»-ро мардуми мамлакатамон бо шукургузорӣ ва қалби саршори муҳаббат ба ин Ватан доштаашон бо  шукӯҳи хоса ҷашн мегиранд.

Хушбахтона, сесияи XVI-уми Шурои Олии Тоҷикистон даъвати 12-ум, ки аз санаи 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 дар Қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров давом кард, вакилон якдилона Эмомалӣ Раҳмонро ба сифати Раис интихоб карданд. Дар сесияи зикргардида Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, ба хотири миллат, давлат ва халқи Тоҷикистон масъулияти вазнин ва сангинро ба душ гирифт. Дар ҳамон вақту замон вазъият ноором ва мақомотҳои марказии идораҳои давлатӣ фалаҷ шуда буд, ки таҷрибадорон ва роҳбарон ҳамонвақта аз идораи давлат даст кашида буданд.

Фарзанди фарзонаи миллат, сарвари тозаинтихоби кишвар  Эмомалӣ Раҳмон ба он ҳама мушиклиҳо вазнини вақт нигоҳ накарда ба мавзеъҳои ноороми кишвар сафари корӣ анҷом медод ва гурӯҳҳои саркашро ба ҳамдигарфаҳмӣ ва дасти меҳру муҳаббат ба ҳам дароз кардан даъват менамуд. Сокинони кишвар сарвари оқилу дурандеши худро бо дилгармии беандоза истиқбол мегирифтанд. Эмомалӣ Раҳмон ҷомеаи тоҷикистонро аз буҳрони шадиди сиёсӣ раҳоӣ бахшид. Вазъияти сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон сол аз сол ба эътидол омадан гирифт.  Моҳи ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. 27 июни соли 1997 бошад дар шаҳри Москва созишномаи оштии миллии тоҷикон ба имзо расид. Комиссияи оштии миллӣ барои барқрор намудани сулҳу салоҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои зиёдеро ба нҷом расонид. Ташаббускор ва сарвари ҳамаи ин корҳои пурарзиш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд.

Мардуми кишвар ин сулҳи деринтизорро бо хушҳоли истиқбол гирифтанд. Бале, маҳз ҳамон фарзандони фарзона ва дилсӯзи миллат бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сафи ин мароми олӣ истода буданд, ки ваҳдатӣ сартосари дар кишвар пойдор гардид. Ҳамаи сулҳу субот, файзу баракат, оромиву осудагии мардум ва пешравию шукуфоии давлат аз файзи Ваҳдати миллӣ бармеояд. Хушбахтона, ҳоло ҳамватанон аз меваҳои лазизу ширини он ком ширин мекунанд ва рузгори осудаву ором доранд.

Сулҳу субот ба мо имкон дод, ки иқтисодиёти устувори ҷомеаро пеш барем  ва дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардем. Ислоҳоти иқтисодӣ ва демократиро бо мурури замон татбиқ намоем ва дар ниҳоят сатҳи камбизоатиро коҳиш дода, дараҷаи зиндагонии мардумро пай дар пай баланд бардорем.

Соҳибистиқлолӣ ва сулҳу ваҳдати кишвар ба мардум умеди тоза, сабақи худшиносиву ватанпарварӣ руҳияи ифтихори миллӣ азму талоши созандагӣ ва эҷодкорӣ бахшид.

Ҳусейнзода Наврӯз, мудири шуъбаи ташкилӣ, баҳисобгирӣ ва кор бо созмонҳои ҷамъиятии КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон               

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg