БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҚОНУНИ ТАНЗИМ СОКИНОНРО БА КОРҲОИ ОБОДОНӢ РАҲНАМОӢ КАРД

КӮЛОБ. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Дар деҳаи  “Шар – Шар”-и шаҳри Кӯлоб Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” бо иштироки кормандони масъули ҳизбӣ баргузор карда шуд.

Масъулин зимни иброз андеша зикр карданд, ки барои ба тафриқа овардани ҷомеа ва заиф сохтану ба нестӣ бурдани давлат пеш аз ҳама ба фарҳангу маънавиёти он бархурд сурат мегирад ва асоси бақои миллату давлатро ҳимояи бошуурона аз чунин бархурдҳо ташкил медиҳад. Яъне пас аз Ваҳдати миллӣ дар марҳилаи нави давлатсозиамон яке аз воситаҳои муҳимми ҳимояи фарҳангу маънавиёти миллати тоҷик роҳандозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” гардид. Зеро ин санад, ки дарбаргирандаи марому мақсад, арзишҳои ахлоқиву динӣ ва таъриху фарҳангии мардуми Тоҷикистон мебошад.

Дар доираи Аксияи ҳизбӣ сокинон дастаҷамъона наздики 500 метр роҳҳои ноҳамворро сангфарш карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg