ҶАЙҲУН. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Тутзор»-и ноҳияи Ҷайҳун оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрии судманди ҳизбӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ, Зайдуллоев Муҳамадҷон иштирок карда, аз ҷумла қайд намуд, ки: - Аз чӣ сабаб аст, ки ҷавонони имрӯзаи мо аз таълиму тарбияи ростӣ ба каҷфаҳмию тундравӣ пайравӣ намуда, баъзе аз фарзандони сокинони ноҳияи мо бошад аз сустиродагӣ фирефтаи ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ шуда, аз муҳоҷирати меҳнатии Русия тариқи давлати Туркия ба хоки ҷангзадаи Сурия гузашта, ба дигар мазҳабу ҳаракатҳои тунравии динӣ-мазҳабӣ шомил мегарданд.
Аз ин рӯ мо тоҷикистониёнро месазад, ки ҷиҳати пешгирии гаравиши ҷавонон ба дигар ҳизбу ҳаракатҳои тунравии динӣ-мазҳабӣ дар таълиму тарбияи насли наврас бетараф набошем.