ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Заминсоз” бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг хониши сиёсӣ гузаронида шуд.
Ҳамагон аз вохӯрии доирнамуда дар самти мубориза бо коррупсия маълумоти зарурӣ пайдо намуданд.
Дар баромади худ корманди ҳизб, Сайҷалол Сатторов қайд кард, ки дар бисёр ҳолатҳо мо худамон ба коррупсия, ситонидани ришва роҳ мекушоем, бехабар аз онем, ки рӯзе ба даст меафтему аз карда пушаймон мешавем. Бояд дар хотир дошта бошем, ки яке аз хатарҳое, ки метавонад ба раванди рушди устувори давлат монеъа эҷод кунад, ба эътибору обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ таъсири манфӣ расонад, коррупсия мебошад.
Дар Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ба шахсони маъюбу ниёзманди ҷомеа Маҳсиддинов Сафар, Раҳмонқулова Гул ва Эмомова Ширмо ба таври ройгон Сертификати манзили зист дода шуд.