БОХТАР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар мавзӯи “Ваҳдати миллӣ бақои Тоҷикистон” дар ташкилоти ибтидоии “Раёсати фарҳанги вилоят” вохӯрӣ доир гардид.
Дар вохӯрии мазкур мудири шуъбаи кор ба ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Асадуллозода Ватан иштирок дошта, доир ба сулҳу ваҳдат маърӯза карда, афзуд, ки маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешони солҳои 1992-и мо сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт ва имрӯз дар ҷеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандист, ваҳдату сулҳ падидор аст. Ва вазифаи ҳар фарди бонангу ори тоҷик ин аст, ки неъмати бебаҳоро ҳифз намояд, поку беолоиш ба насли оянда ба мерос гузорад.