НОРАК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади шарҳу тавзеҳи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии “Туғмазор”-и ҷамоати деҳоти Дуконии шаҳри Норак оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ гузаронида шуд.
Масъулини ҳизбӣ зимни андешаронӣ мардумро аз хатарҳои ҷаҳони муосир, бахусус шомилшавии ба гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ огоҳ намуда, ба онҳо пешниҳод карданд, ки дар мубориза бар зидди ин падидаи номатлуб фаъол бошанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд. Шукронаи сулҳу салоҳ карда, ҷавобан ба ғамхориҳои бесобиқаи Роҳбари давлат софдилонаву садоқатмандона хизмат намоянд.
Баъдан Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” доир карда шуда, корҳои созандагиву бунёдкорӣ роҳандозӣ гардид.