БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ ҲИДОЯТГАРИ МАРДУМ БА АНҶОМ ДОДАНИ ИҚДОМҲОИ НЕКУ СОЗАНДА

МӮЪМИНОБОД. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади боз ҳам мустаҳкам  намудани робитаи ҲХДТ бо ҷомеа, амалӣ намудани ҳадафҳои созандаи ҳизб ва татбиқи Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!»  дар ташкилоти ибтидоии «Нуробод»-и  ҷамоати деҳоти Боғгаӣ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мӯъминобод  Рамазон Ҳайдаров иштирок ва суханронӣ намуданд.

Масъулин  доир ба  самтҳои афзалиятноки  фаъолияти ҲХДТ, Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!», инчунин ҷиҳати  бо амалҳои неку созанда ва сазовор пешвоз гирифтани  ҷашни Ваҳдати миллӣ, алалхусус 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ андешаронӣ намуда,  ҳозиринро баҳри амалӣ  намудани иқдомҳои нек ҳидоят карданд. 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg