ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидои «Дурандеш»-и шаҳри Левакант оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.
Масъулини ҳизбӣ зимнан оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳадафҳои барномавии ҳизб, нисбати сиёсати созандаи Асосусгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, моҳияти дастуру супориш ва ҳидоятҳои Президенти кишварро ба иштирокдорон фаҳмониданд.
Инчунин, ҳодисае, ки санаи 19.05.2019 дар Муассисаи ислоҳии №3/2 Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия воқеъ дар шаҳри Ваҳдат аз тарафи маҳбӯсоне, ки бо ҷурми терроризму экстремизм ва пайвастан бо ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда буданд, ибрози андеша намуданд.
Иштирокдорони ин вохӯрӣ, ҳодисаи ба амаломада, ки махсус аз ҷониби террористон анҷом дода шудааст, маҳкум карданд.