КӮШОНИЁН. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Дилбар” – и Ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Кӯшониён бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.
Масъулин атрофи сиёсатиободкоронаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳадафҳои созандаи ҳизб ва моҳияти Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” андешаронӣ карданд, ки писанди ҳамагон гардид.
Баъдан бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ Аксияи ҳизбӣ “Якҷоя ҳал мекунем!” сохтмони чор синфхонаи иловагӣ оғоз ёфта, сокинон бар он назаранд, ки дар соли нави хониш синфхонаҳои иловагиро ба истифода медиҳанд.