ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Нусратулло Махсум”-и деҳаи Нусратулло Махсуми Ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти ноҳияи Қубодиён оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор карда шуд.
Намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб дар мавзӯъи “Ободии кишвар аз ободии маҳал сар мешавад” сухан намуда, қайд намуданд, ки Паёми фарогири тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа буда, дар он бурду бохти соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар мавриди таҳлили амиқу ҳамаҷониба қарор гирифта, бо пешниҳои Пешвои муаззами миллат солҳои 2019-2021 “Солҳи рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон карда шудааст ва ҳар яки моро лозим аст, баҳри амалӣ гардидани дастуру супоришҳои Пешвои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳмгузор бошем.