ЁВОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Чанде қабл бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон дар ташкилоти ибтидоии дурдасти «Тоҷикобод» ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки мардуми деҳаи Чу-чуи Ҷамоати деҳоти Даҳана хониши сиёсӣ гузаронида шуд.
Дар рафти вохӯрӣ аз ҷониби муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон оид ба дастуру супориш ва таъкидҳои пай дар пайи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати расонидани кӯмак ба оилаҳои ниёзманд , роҳандозӣ намудани корҳои хайру сахо, инчунин беталаф ғун доштани хуроки чорво, маводҳои ғалладонагӣ дар доираи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» обод намудани маҳали худ суҳбатҳои муфид баргузор намуданд.