БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – САРЧАШМАИ ЯГОНАГИИ МИЛЛАТ АСТ!

ДАНҒАРА. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Вохӯрии навбатии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар ташкилоти ибтидоии "деҳаи Меҳрвар "-и ҷамоати деҳоти Лоҳур оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид.

Дар хониши сиёсӣ Каримов Пирмуҳаммад  раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб  иштирок намуда, доир ба  масъалагузориҳои Паёми навбатӣ, дар сатҳи баланд чашн гирифтани  Ваҳдати миллӣ, ҳифзи арзишҳои  давлатӣ ва умумибашарӣ меҳвари сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2019- оғози татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, пешгирии шомилшавии ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва террористӣ, баланд бардоштани сатҳи таълим ва идораи сифати таҳсилот, баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ ва шаҳрдорӣ, амалишавии талаботи қонунгузориҳо ва санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, Конститутсия – санади олии ҳуқуқӣ ва бахтномаи миллат, ташаббусҳои сатҳи байналмилалии Тоҷикистон ва коҳиш додани сатҳи ҷинояту ҷинояткорӣ суханронӣ намуд.

Дар охирандешарониҳои пурмуҳтаво аз ҷониби сокинон ҳамаҷониба дастгирӣ ёфта, иброз доштанд, барои боз ҳам  шукуфон шудани Ватани маҳбубамон- Тоҷикистони азиз  талош хоҳем варзид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg