ВАХШ.Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади тарғиби ҳадафҳои созандаи ҲХДТ Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар ташкилоти ибтидоии “Зафаробод” -и ҷамоати деҳоти 20- солагии Истиқлолияти Тоҷикистон дар масҷиди панҷвақтаинаи деҳа ҷиҳати огоҳонидани сокинон аз паёмадҳои хатаровари фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маънуъ суҳбату вохӯрӣ доир намуд.
Зимни ҳамоиш зикр гардид, ки муҳтавои Паёми солонаи Пешвои миллат аз он иборат аст, ки мебояд ҳар сокин ҷиҳати дар амал татбиқ намудани он кореро новобаста аз вазъи иҷтимоии худ анҷом диҳад. Дар ҳамин ҳолат мо метавонем дар ҷомеа пешрафтро амалї намуда, зиндагии шоистаи худро таъмин созем. Дар охир оид ба ҳадафҳои олии ҲХДТ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти он суҳбату муколама сурат гирифт.