БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САНОАТКУНОНИИ БОСУРЪАТИ КИШВАР ҲАДАФИ СТРАТЕГӢ!

НОРАК. Дар доираи Соли баланд бардоштани мавсъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Бойғозӣ” бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ, вакили Маҷлиси вакилони  халқи шаҳри Норак  оид басамтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ гузаронида шуд.

Дар он Муслима Ғуриева вобаста ба ҳадафи чоруми миллӣ- саноаткунонии босуръати кишвар, расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ ва хизмати софдилона ба Ватану миллат, муборизаи шадид зидди  терроризму экстремизм, роҳҳои пешгирӣ аз  он ва тарзи дурусту самаранок истифода бурдани технологияҳои иттилоотӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ баромад намуд.

Дар қисмати амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!”  як қатор корҳои ободониву  созандагӣ ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ  анҷом дода шуд.   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg