БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ОМИЛИ ИТТИҲОДУ ЯГОНАГӢ

КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Сайдалӣ Вализода” вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Орзу Ҳамидиён ва дигар шахсони даъватӣ  иштирок ва баромад намуданд.

Нахуст, Орзу Ҳамидиён ба сухан баромада, қайд кард, ки имрӯзҳо ҳар як сокини кишвар таассуроти гуворо аз тадбирҳои омодагӣ ба истиқболи 22-юмин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ фаро гирифтааст. Зеро роҳи тайнамудаи Тоҷикистон дар ҷодаи ваҳдату якпорчагӣ ҳамвору яксон набуд, вале мардуми шарафманди мо ба хотири ба даст овардани Ваҳдати миллӣ саъю талошҳои бесобиқа анҷом доданд.

Дар ин росто бояд тамоми мардуми кишвар, махсусан насли ҷавони ояндасози мо аз миллату давлати хеш ифтихор намоянд, сабақ гиранд, ба мероси бузурги маънавӣ ва фарҳангии ниёгонамон арҷгузорӣ карда, ин неъмати олӣ – иттиҳоду ягонагӣ, ҳамзистиву осоиштагии миллӣ, яъне Ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоянд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg