ВОКУНИШ. Воқеаи мудҳиши рӯзи бетартибие, ки дар муассисаи ислоҳоти № 3/2 Сарраёсати ҷазои ҷиноятӣ Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Ваҳдат аз он шаҳодат медиҳад, ки барои террористону экстремистон арзишҳои милливу инсонӣ ҳеҷ арзише надорад.
Ин амали зишт, ки боиси қурбонии зиёда аз 30 нафар гардид, бо кадом мақсад амалӣ карда шуд. Лек ҳайҳот, тирашон ба ҳадаф нарасид. Ин гурӯҳ ба макру фиреб дода шуда, даст ба тахрибакориву хунрезӣ заданд.
Боиси ифтихор аст, ки ҷавонони мо таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷаҳониён таҷрибаи нодири бо роҳи муколлама расидан ба сулҳи комилро нишон доданд ва ба амалҳои террористӣ дар мамлакат хотима бахшиданд.
Вале бархе аз бадхоҳони миллату давлат фаҳмидан намехоҳанд, ки танҳо кӯшишу талошҳои пайгирона, сиёсати ватандӯстонаву миллатпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асоси ба имзорасии созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ва татбиқи он, барқарории сулҳу ваҳдат дар мамлакат гардид.
Насли наврас ва ҷавонони моро зарур аст, ки ҳамеша дар ҳимояву дифои марзу буми кишвар ва дастовардҳои беназири ҷумҳуриямон омодаю тайёр бошанд.
Ализода Сураё, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав