БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЭКСТРЕМИЗМ ХАТАРЕ, КИ БЕШТАР БА ҶАВОНОН ТАҲДИД МЕКУНАД

ВОКУНИШ. Имрўзҳо яке аз масъалаҳои ташвишовари ҷомеа ин, ба равияҳои экстремистии динӣ шомил шудани баъзе ҷавонон ва наврасон мебошад.

Дар Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва суханрониҳои ў дар мулокот бо аҳли зиё дар бораи пешгирӣ намудани шомилшавии шаҳрвандон ба хусус ҷавонон, ба ҳаракатҳои ифротгароию террористӣ ва мазҳабу равияҳои бегона ба хотири ҳифзи суботу амнияти ҷомеа ва рушди давлати миллӣ дар фазои осоишта таъкид гардидааст.

Тоҷикистон дар кўтоҳтарин мўҳлат  оид ба пешгирӣ аз ин раванд ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пайваста аз рўзҳои аввалини давлатдории хеш ин кабил ҷиноятҳоро маҳкум карда, ба конунҳои амалкунанда тағйироту иловаҳо ворид карда, ба ташкилотҳои байналмиллалии давлативу ғайридавлатӣ дар ин раванд ҳамроҳ шуда, ҳамагуна зуҳуроти террористӣ ва экстремистиро котеъона маҳкум кард.

         Дар конуни дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи  мубориза бар зидди терроризм” аз 16 ноябри соли 1999 мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт тибки талаботи санадҳои меъёрии байналмилалӣ мушаххасан дарҷ гардидааст ва Тоҷикистон ӯҳдадориҳои худро дар замина ба таври доимӣ ба иҷро мерасонад.

         Дар масъалаи бартараф кардани сабабу шароитҳое, сабабу шароитҳое, ки ба содир шудани ин кабил ҷиноятҳо оварда мерасонад, аз ҷониби ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кигрҳои ҷомеа хамаи чораҳо андешида шуда истодаанд, аз кабили баланд бардоштани  сатҳи зиндагии мардум, зиёд кардани ҷойҳои нави корӣ, фаро гирифтани ҷавонон бо варзиш, ташакул додани мафкураи баланди ватандӯстию ватанпарастӣ. корҳои фаҳмондадиҳӣ. Сохтани масҷидҳои замонавӣ,табъу нашри китобҳои динӣ ба забони модарӣ, ташкили барномаҳои динию ахлокӣ дар садову симо, чопи маколаҳо, созмон доданиҳизбу ҳаракатҳо.

         Ин ҳама чорабиниҳо дар барномаи дурнамои тараккиёти имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон васеъ таҷассум ёфтааст.Ҷавонони имрӯза бояд ингуна чорабиниҳоро шоҳид гашта ба илму ҳунаромӯзӣ диккати ҷиддӣ диҳанд.Вакти кимати худро ба харгуна корҳои беҳуда нагузаронанд, чунки ояндаи ҷаъияти солим маҳз ҷавонони солимфикр ва донишманд мебошанд.

Дар ҳолати васеъ будани ҷаҳонбини ва шуур ягон афрод наметавонад ҷавононеро ба ҳар гуна доми фиреб кашад ё бо  суханони сафсатаву бофидаи худ ба ягон гурўҳи ҷиноӣ ва ё террористӣ шомил созад. Ба ҷавонон барои омӯхтани илмҳои замонавӣ ва таҳсил тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст.

Сабабҳо ва омилҳои экстремизмро дар ҷомеа олимон дар бӯҳронҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, камбизоатӣ, паст будани маърифати ҳукукӣ, холигии фазои идеологӣ мебинанд.

Омилҳои бавуҷудоварандаи экстремизм, бахусус пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ба назар расида, пеш аз ҳама ба заиф гаштани вазъи амниятӣ, коҳиши сатҳи иктисодӣ – иҷтимоӣ, кушодашавии сарҳадҳо барои тиҷорат, муҳоҷирати меҳнатии беназорат вобастагии зич дорад.  Яке аз омилҳои муҳими паҳншавии экстремизмро олимон дар душвориҳои раванди иҷтимоишавии ҷавонон дар муносибатҳои бозори ҷаҳонӣ медонанд, ки он дар сармоя ҳамчун меҳвари асосӣ баромад мекунанд.

           Максад ва ҳадафҳо, ки гурӯҳҳои иҷтимоӣ дар ниҳоди худ мепарваранд, вайрон кардани сохтори конститутсионии миллату халқиятҳо мебошанд. Аз ҷумла, таъкид кардан ба маврид аст, ки иштироки ҷавонони тоҷик дар ин ҷангҳо маънои ҷиҳодро надошта, танҳо дар зеҳну мафкураашон бадбинӣ ва нотавонбиниро талқин месозад.

            Чунин ҷавонон на аз таълимоти ислом бохабаранду на аз сиёсати давлатҳои манфиатхоҳ. Ин мушкилот албатта, боиси нигаронӣ ва ташвиш буда, ҳар як шаҳрванди солимфикро масъул менамояд, ки ҷиҳати аз роҳи бад гардонидани чунин ҷавонон дар ҳамдастӣ бо ниҳодҳои дахлдор кӯшиш намоянд. Вақти он аст, ки мо бо тамоми масъулият нисбат ба ин амалҳои ғайри инсонӣ мубориза намоем.

Чорабиниҳои пешгирикунандаи экстремизм дар байни ҷавонон ҷанбаҳои педагогӣ, психологӣ,амалӣ доранд. Аз ҷумла, пешгирии экстремизм дар раванди таълим. Таҳлили фалсафӣ, таърихӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣгузаронидани тадбирҳои варзиши ва фароғативу маишӣ. Ба вуҷуд овардани муҳити созандаи муоширати байни миллатҳо ва дину оини мухталиф барои аз назари сиёсӣ зираку ҳушёр намудани  ҷавонон мусоидат менамоянд .

Хушбахтона, имрӯз шукрона аз он мекунем, ки дар фазои сулҳу ваҳдат ва озодии афкору андеша зиндагӣ дорем. Ин, албатта, ифтихори мо, ҷавонон аст, ки бароямон шароити мусоид оварда шудааст.

 

Ғафуров Сайдамир-мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ХХДТ дар ноҳияи Панҷ.

                                                                 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg