Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

ҲИФЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ҲИМОЯИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ ВАЗИФАИ МО ҶАВОНОН АСТ!

ВОКУНИШ. Ифротгароӣ, радикализм ва терроризм, ин падидаҳои номатлубе мебошанд, ки барои амнияти миллии ҳар як кишвар, хусусан Тоҷикистони соҳибистиклол ва тамоми ҷомеаи  ҷаҳонӣ  хатар  эҷод  мекунад.

Аз таҳлилу таҳқиқи маводи илмӣ, барномаҳои  телевизонӣ ва воситаҳои ахбори омма хулоса баровардан мумкин аст, ки дар баъзе кишварҳои олам ва махсусан мусалмоннишини араб ин ҷараён густариш ёфтааст.

Яке аз омили асосии сабаби «ифротгароӣ ва терорризм исломӣ» ном гирифтани ин падидаҳои  хатарнок дар он мебошад, ки як идда гурӯҳҳои  хилофкор ва ба асли ислом бегона барои татбиқи  ғаразҳои сиёсии худ аз шиорҳои исломи сӯистифода мебаранд. Онҳо даъвои «пуштибонӣ аз ислом», бунёди «хилофоти исломӣ» ва «ислоҳи ислом ва мусулмонон»-ро  баҳона  пеш оварда, аслан барои амалӣ  сохтани ҳадафҳо ва ғаразҳои сиёсии худ ва фармонравоҳои хориҷиашон талош менамоянд. Ба монанди қатлу кушторҳои ваҳшиёнаву гушношуниде, ки ин гурӯҳҳои ҷинояткор дар қаламрави  Шому Ирок, Афғонистон, Нигерия, инчунин   кишварҳои дигари ҷаҳон содир намуда истодаанд, аслан бо дини мубини ислом ҳеч гуна равобите надорад.

Набояд фаромӯш кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ибрози назар намуданд, ки: «Яке аз омилҳои торафт густариш пайдо кардани зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ васеъ истифода гардидани технологияҳои муосири иттилоотӣ мебошад. Имрӯзҳо шабакаи интернет, мутаассифона, аз ҷониби гурӯҳҳои террористиву ифротгаро бо мақсади таблиғи ғояҳои экстремистӣ, ба сафи худ ҷалб намудани аъзои нав, омода ва роҳбарӣ кардани онҳо ба аъмоли харобкорона ба таври густарда истифода мешавад».

Аксарияти ҷавонони ҳозира, ки  дар хориҷӣ кишвар кору фаъолият мекунанд ва маълумоти кофии замонавӣ ва динӣ надоранд, бо роҳи пулу мол ба дассисаҳои таблиғотчиёни гурӯҳҳои эстремистӣ дода шуда, ба сафи онҳо шомил мегарданд. Ҳол он, ки баъзе аз онҳо худ намедонад, кӣ  ба чӣ корҳои ғайридинӣ ва мазҳабӣ даст зада истодаанд. Тарғиби ҳар гуна ақидаҳои динӣ-ифротӣ аз ҷониби ТЭТ ҲНИ бо мақсади зиёд намудани лашкарони наҳзатӣ буда, ба шуури мусулмонони Тоҷикистон, бахусус  ҷавонон бетаъсир намемонад  ва метавонад дар онҳо ҳисси бадбинию нафратро нисбат ба дигар динҳо бедор карда, барангехтани низоъҳои динӣ-мазҳабӣ  заминаҳои ақидавӣ фароҳам оварда, сулҳу суботи  ҷомеаи Тоҷикистонро, ки дар он пайравони диҳои мухталиф кору зиндагӣ мекунанд, вайрон созад.

Мебояд, ки ҳар як шахси ватанпараст, миллатдӯст ва мусалмон бо тафаккури солим бахусус  ҷавонон   ба чунин равияҳои номатлуби замони муосир ба монанди радикализм, экстремизм ва терорризм  пайравӣ накарда, барои  ҳифз намудани ҷомеаи озоду мустақили  тоҷик ҳамеша саъю талош варзанд.  Чунончӣ, Асосгузори сулху ваҳдати  милли –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ баён намуданд: “Мардуми шарифи Тоҷикистон  масъулияти имрӯзу фардои кишвар, аз ҷумла ҳифзи Истиқлолият, ҳимояи манфиатхои  миллӣ, таҳкими минбаъдаи пояҳои  давлатдорӣ, таъмини амнияту оромии давлату  ҷомеа ва ободиву пешрафти кишвари  азизамонро  ба зиммаи  мову шумо вогузор намудаанд.”

 

Исоева Насибаутахассиси шуъбаи кор бо занон

ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg