АНДЕША. Барои ба мавзеъи сайёҳӣ табдил додани он чӣ бояд кард? Пештар ва имрӯз ҳам қисме аз таҳлилгарон Ховалингро диёре арзёбӣ менамуданд ва менамоянд, ки барои рушди соҳаи чорводорӣ мутобиқат мекунад. Чунин пешниҳод ва фикри хато дар солҳои ҳафтодуми асри гузашта бо таъсиси Комплекси агросаноатии Ховалинг, ки дар он чорвои гуштӣ парвариш карда мешуд, таҷриба карда шуд. Вале чи тавре таҷриба нишон дод, мавзеи Ховалинг метавонад танҳо барои чарогоҳи тобистона хидмат намояд. На ҳар кас аз таъмини хароҷоти нигоҳубини чорвои ҷамъиятӣ шахсӣ дар фасли зимистону баҳор , ки дар Ховалинг 7- 8 моҳ давом мекунад, мебарояд.
Барномасозон дар қатори соҳаҳои сердаромади диёр рушди картошкапарварӣ, боғдорӣ, истеҳсоли тухми юнучқа, сабзавоткорӣ ва чорводориро қайд менамуданд. То солҳои охир соҳае, ки метавонад дар қатори дигар соҳаҳо ба мардуми диёр ва ноҳия даромади бештар орад, яъне соҳаи сайёҳӣ ҳарфе гуфта намешуд. Боиси қаноатмандист, ки баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ба ин соҳа дар кишвар таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд ва гоҳ- гоҳе дар матбуоти даврӣ дар бораи Ховалинг ва мавзеъҳои таърихию сайёҳии он ҳам гуфтугузорҳо пайдо шуданд.
Ҳамасола дар дигар шаҳру ноҳияҳо таҳти шиорҳои гуногун барои ҷалби сайёҳон намоиш ва фестивалҳо гузаронида мешавад. Вале дар Ховалинг то ҳол чунин чорабинӣ дар доираи васеъ, ки таваҷҷуҳи сокинони кишвар ва берун аз онро ба мавзеъҳои сайёҳии Ховалинг ҷалб намояд, гузаронида нашудааст.
Ховалинг асосан диёри сайёҳӣ, ҷойи тамошо, истироҳат ва фароғат аст. Дигар соҳаҳои сердаромади дар боло номбаршуда, чун картошкапарварӣ, кишти юнучқа боғдорию сабзавоткорӣ ба ин соҳа зебу зиннат мебахшанд.
Ҳар касе боре ба ин сарзамин сафар намояд ва аз мавзеъҳои табиӣ, таърихӣ ва фарҳангии он ба монанди таги Чилчанор, Чашмаи Қазаған, Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳазрати Султон, Дашти меш, Себи сурх, Қадоваи Ёхсу, Сангдара, Зелолак, Сиёҳфарк,Сурсақова, Зувайр, Кӯлдара, Чепол (ҳоло Чепивол) дидан намояд, дар орзуи дубора ба ин ҷо сафар кардану сайёҳат намуданро мекунад. Имрӯз, ки таваҷҷуҳи ҷаҳониён ба соҳаи сайёҳии кишварамон нигаронида шудааст, зарур аст, ки ба рушди соҳаи сайёҳии ноҳия дигар аз паси панҷа нанигарем.
Ду маротиб (солҳои 2018, 2019-2021) аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон доштани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ моро водор менамояд, ки барои рушди ин соҳаи сердаромад дар ноҳия тамоми шароиту имкониятҳоро барои сайёҳон ва ҷаҳонгардон муҳайё созем. Ин иқдом имкон фароҳам меоварад, ки дар Ховалинг ҳар як сокини диёр барои рушду тавсеаи сайёҳии экологӣ, шикор, куҳнавардӣ, солимгардонӣ ва дигарҳо саҳми арзишманд гузоранд.
Дар хотир дорам , ки чанд сол пеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафари корӣ ба Ховалинг ба сокинони деҳаи Мазори Ҳазрати Султон, ки ҳар сол ба ин ҷо ҳазорҳо нафар сайёҳон ва зоирин меоянд, дастур дода буд , ки барои қабул ва буду боши онҳо дар хонаҳои худ ҳуҷраҳои ба талабот ҷавобгӯ тайёр намоянд. Шумораи чорво майдаро зиёд кунанд, то битавонанд барои сайёҳон хӯрокҳои табъи дил пешкаш кунанд ва аз ин ҳисоб рӯзгорашонро беҳ созанд. Лекин то имрӯз дар ин деҳаи назди Мамнӯъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳазрати Султон оилаеро ёфтан мушкил аст, ки барои даромади шахсӣ дар асоси дастури Пешвои миллат чунин шароити хубро барои сайёҳон ва зоирин муҳайё сохта бошад.
Сабаби бетаваҷҷуҳии мардум дар муқоиса ба сокинони вилояти Суғду Бадахшон дар сатҳи зарури ба роҳ монда нашудани корҳои таблиғу ташвиқи рушди соҳа дар байни аҳолӣ мебошад. Аз ҳамин рӯ, имрӯз Ховалинг дар масъалаи рушди соҳаи сайёҳӣ дар муқоиса ба дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар ҷойи хосае надорад. Чунки дар диёр то имрӯз барои сайёҳон ва дигар ҷаҳонгардон шароитҳои одии буду бош, аз ҷумла меҳмонхона, ошхона, ҳаммом ва ба ҳамин монанд шароитҳо фарҳам оварда нашудааст.
Обу ҳавои мусоид дар фасли гармо, ҳавои сарди зимистон, боғу ҷангалзор, табиати нотакрор, кӯҳҳои сарбафалаккашида, ҳайвоноти ваҳшӣ, парандагони хушилҳом, мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ, чашмаҳои мусаффо, маҳсули дасти ҳунармандон, мардуми меҳмоннавози диёр ва дигар шароиту имкониятҳои мавҷуда имкон медиҳанд, ки ноҳияи Ховалинг чун ноҳияи Варзобу Балҷувон ба ноҳияи сайёҳӣ табдил дода шавад.
Барои ноил шудан ба ин мақсад кӯшишу ғайрат ва заҳмати роҳбарият ва ҳар як фарди ноҳия барои фароҳам овардани шароити зарурӣ лозим аст, ки сайёҳон ниёзҳои худро бароварда тавонанд.
Сайҷалол Сатторов, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг