Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизби «Хушдилон»-и ҷамоати шаҳраки Балхи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ Содиқова Меҳрубон-муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия аз ҳар як иштирокчӣ даъват ба амал овард, ки ҳидоятҳое, ки аз Паёми имсола бармеоянд, барои рушду пешрафти Ватан ва таъмини зиндагии осудаи сокинони мамлакат равона карда шудааст ва моро зарур аст дар иҷрои ин дастуру супоришҳои Роҳбари давлат бетараф набошем.