БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАСЪУЛИЯТИ ШАҲРВАНДОН ДАР ДЕҲОТ

КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо сокинони деҳаи дурдасти “Лавова”-и  ҷамоати деҳоти Даҳанаи шаҳри Кӯлоб оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Орзу Ҳамидиён баргузор карда шуд.

Дар чорабинӣ Орзу Ҳамидиён дар мавзӯъи риояи қатъии қонунҳои миллӣ, бахусус Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” андешаронӣ карда, гуфт, ки дар деҳа барои хизматрасонии тиббӣ ба мардум шароити мусоид созгор набуда, инчунин нарасидани синфхонаҳо мушкилии асосии сокинон ба ҳисоб меравад. Бо ҷалби сокинон сохтмони бунгоҳи тиббии деҳаро оғоз намуда буданд, муддати зиёд мешавад, ки аз сабаби нарасидани маблағ сохтмон нотамом мондааст.

Дар ин росто мавсуф таклиф намуд, ки  бо риояи кардани  қонуни танзим яъне ба ҷои маъракаҳои серхарҷу дабдабанок, ки маблағи зиёд сарф мешавад, хуб мешуд, ки дастаҷамъона бунгоҳи тиббии деҳа ва дигар мушкилиҳоро дар якҷоягӣ сари вақт бартараф намоем.

Ҳозирин таклифу пешниҳодҳоро хуб қабул намуда, ваъда доданд, ки  мушкилотҳои дар деҳаи Лавова мавҷудбударо бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ, шахсони саховатпеша ва сокинони деҳаи мазкур бартараф хоҳанд кард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg