БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ФАЪОЛОНИ ҲХДТ ДАР СОХТМОНИ ИНШООТҲОИ ХИЗМАТРАСОНӢ ДАР ДЕҲОТ САҲМИ НАЗАРРАС ДОРАНД

ХУРОСОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дирӯз  бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Саидзода Раҳмон дар ташкилоти ибтидоии «Томчӣ»-и ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнӣ суҳбат атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор гардид.

Мавсуф дар баромади доир ба  дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ, моҳияти Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ва дигар  паҳлуҳои ҳаётан муҳим андешаронӣ карда, аз ҳар як иштирокчии ҷамъомад ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаи ҳизб, саҳм гузоштандар  корҳои ободонӣ ва сазовор ҷашн гирифтани  санаҳои муҳими таърихии дарпешистода  даъват  ба амал овард.            

Новобаста аз оне, ки корҳои ободонӣ дар ҳудуди деҳа дида мешавад, бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар партави Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!”  дар деҳа бо дастгирии вакили ноҳиявӣ  сохтмони бунгоҳи тиббӣ оғоз ёфта, дар рӯзҳои наздик ба истифода дода мешавад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg